35 хатмкунанда аз шаҳри Душанбе соҳиби аттестатҳои аълои универсалӣ бо медалҳои тилло гардиданд
ДУШАНБЕ, 14.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе дар озмуни аттестати аъло бо медалҳои тилло натиҷаҳои беҳтарин ба даст оварданд. Дар маҷмуъ, 35 нафар бо аттестати аълои универсалӣ ва равиявӣ бо медали тилло сарфароз гардонида шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.
Ба иттилои Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо, инчунин дар сатҳи ҷумҳуриявӣ аз байни зиёда аз 100 хонанда 73 нафар сазовори аттестати аъло бо медали тилло ва нуқра гардиданд. Аз ҷумла, 10 нафар сазовори аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло, 39 нафар сазовори аттестати аълои равияи табиӣ-риёзӣ бо медали тилло, 2 нафар сазовори аттестати аълои равияи табиӣ-риёзӣ бо медали нуқра, 19 нафар сазовори аттестати аълои равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ бо медали тилло ва 3 нафар сазовори аттестати аълои равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ бо медали нуқра шуданд.
Давоми ду соли охир (соли 2024-27 медал) хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе дар озмун пайваста натиҷаҳои баланд нишон дода, ин дастовардҳоро дар даврони соҳибистиқлолӣ ба сатҳи бесобиқа расониданд.
Дар доираи таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат ба соҳаи маориф давоми солҳои охир садҳо муассисаҳои таълимии муосир бунёд ва навсозӣ гардида, низоми таълим бо технологияи пешрафта муҷаҳҳаз шуд. Ин ҳама барои дарёфти истеъдодҳо ва ҳавасмандгардонии хонандагони болаёқат заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Инчунин бо дастгирии пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар самти татбиқи босамари «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025» дар шаҳри Душанбе шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Ин аст, ки давоми солҳои охир хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ сазовори ҷойҳои намоён мегарданд.
АКС: Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо








Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид






