IMO-2025. Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии математика сазовори медалҳои нуқра шуданд

Июль 21, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 21.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи 66-уми байналмилалии математика (IMO-2025) сазовори медали нуқра ва ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо хабар доданд.

Олимпида аз 10 то 20 июл дар шаҳри Саншайн-Кости иёлати Квисленди Австралия баргузор гардида, дар он 114 давлат ва 600 довталаб аз саросари ҷаҳон иштирок намуд.

Дар он хонандагони лаёқатманди тоҷик Машрафҷон Иномов, Олимҷон Тухтаров сазовори медали нуқра ва Меҳрубон Юсупов соҳиби ҷойи ифтихорӣ гардиданд.

Даврҳои интихобии олимпиада моҳи феврали соли 2025 аз ҷониби Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо баргузор шуданд.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 декабри соли 2019 дар  Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки  «ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040  «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шавад».

Маҳз  таваҷҷуҳи пайвастаи Сарвари давлат ба илмҳои дақиқ аст, ки солҳои охир таваҷҷуҳи ҷавонон ба илмҳои дақиқ, хусусан физикаю математика бештар гардида, иштироки онҳо дар олимпиадаҳои байналмилалӣ низ зиёд ба назар мерасад.

Ин дастовард нишони он аст, ки рушди ҳаракати олимпӣ дар мамлакат сол ба сол беҳтар гардида, хонандагони тоҷик аз фанҳои табиӣ-риёзӣ бо ҳамсолонашон аз давлатҳои тараққикардаи дунё рақобати арзанда нишон дода, нуфузи ҷумҳуриро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд мебардоранд.

АКС: Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо

Июль 21, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд