Имсол аз Тоҷикистон беш аз 90 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардидааст

Июль 10, 2025 15:05

 ДУШАНБЕ, 10.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли равон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷи мамлакат  90 ҳазору 280 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 ҳазору 156 тонна зиёд мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Маҳсулоти кишоварзӣ ба 26 давлати ҷаҳон, ки аз он 89 фоиз ба мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва 11 фоиз ба давлатҳои хориҷи дур рост меояд, содирот шудааст.

Ҳаҷми умумии  маҳсулоти кишовразӣ ба гузаргоҳҳои раёсатҳои минтақавии вилояти Суғд 80,0 ҳазор тонна, вилояти Хатлон 5,2 ҳазор тонна, шаҳри Турсунзода 4,6 ҳазор тонна, шаҳри Душанбе 189 тонна ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 66 тонна рост меояд.

АКС: АМИТ «Ховар» 

Июль 10, 2025 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд