Имсол ба вилояти Хатлон беш аз ним миллион сайёҳ ворид гардидааст
ДУШАНБЕ, 08.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи аввали соли равон ба вилояти Хатлон 554 ҳазору 498 нафар сайёҳон ворид шудаанд, ки аз ин шумора 508 ҳазору 528 нафарро сайёҳи дохилӣ ва 45 ҳазору 970 нафарро сайёҳи хориҷӣ ташкил медиҳанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.
Дар ҳудуди вилояти Хатлон 940 ёдгорӣ ва мавзеъҳои таърихӣ-фарҳангӣ, бостонӣ ва монументалӣ, 120 меҳмонхона, 143 мавзеи сайёҳӣ, 252 истироҳатгоҳу осоишгоҳ, 142 тарабхона, 45 осорхона, 128 чойхона, 371 банкомати хизматрасонии бонкӣ, 50 ҳомстей (хонаҳои меҳмонқабулкунии маҳаллӣ), 69 мағозаи фурӯши армуғон, 115 зиёратгоҳ, 45 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ва гулгашт, инчунин 26 маркази иттилоотии сайёҳӣ мавҷуд мебошанд.
Манзараҳои табиати дилфиреб, кӯҳҳои сарбафалаккашидаи Хатлонзамин, рӯду чашмаҳои зулолу шифобахш ва дигар имконияту иқтидори сайёҳии ин минтақа, аз ҷумла шаршараи Сари Хосор, кӯҳи Чилдухтарон, Чилучорчашма, Аҷинатеппа, Мадрасаи Хоҷа Машҳад, Тахти Сангин, Мақбараи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, мақбараи Хоҷа Исҳоқи Хатлонӣ, мақбараи Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ, Мавлоно Қутбидин, Шоҳи Хомӯш, Ёрмуҳаммади Валӣ, мазори Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ, осорхонаи Кӯлоб, Қалъаи Ҳулбук, Қалъаи Мир, Қалъаи Муъминобод, шаҳраки Золи Зар, Теппаи Қурғон, маскани Хонақоҳ, мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» ва Неругоҳи барқи обии «Норак»-ро ҳар сол садҳо нафар сайёҳон тамошо менамоянд.
Тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят аз нигоҳи самтҳои афзалиятноки соҳа диққатҷалбкунанда мебошанд. Махсусан, мавзеъҳои Тахти Сангин, Чилучорчашма, Чилдухтарон, мақбараи Имом Зайналобиддин, олим ва мутафаккири Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва мазори Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ солҳои охир таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб менамоянд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳамасола теъдоди сайёҳони хориҷие, ки барои шинос шудан бо мавзеъҳои сайёҳии вилояти Хатлон ба мамлакат ворид мешаванд, меафзояд.
Хатлон макони фарҳангу ҳунар буда, байни мардуми ин минтақа ҳунарҳои чакандӯзию гулдӯзӣ, чӯбтарошию заргарӣ рушд намудааст. Маҳсули дастони ҳунармандони чирадасти ин минтақа чандин намоишгоҳу фестивалҳои сатҳи ҷаҳониро бо ҷилои фарҳанги пурғановат оро додааст.
Дар вилояти Хатлон 19 ширкати сайёҳӣ фаъолият менамояд, ки дар ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба вилоят нақши муассир мегузоранд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ






