Имсол ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон беш аз 17 ҳазор сайёҳ ворид гардидааст
ДУШАНБЕ, 19.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли равон 17 ҳазору 921 нафар сайёҳ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ворид гардида, бо маконҳои таърихиву фарҳангӣ, сайёҳӣ ва чашмаҳои шифобахши он шинос гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар доданд.
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо сабзазорҳои алпӣ, биёбонҳои баландкӯҳ, водиҳои зебо, дарёҳои тезҷараён, кӯлҳои мусаффо ва меъмории ғайримуқаррарӣ дили садҳо сайёҳонро тасхир намудааст. Табиати зебо, манзараҳои дилфиребу нотакрор, обҳои зулол, ҳавои тоза, меваҳои шаҳдбор, кӯҳҳои сарбафалаку барфпӯш, мардумони самимию меҳмоннавоз ва этнографияи беамсолаш таваҷҷуҳи сайёҳонро пайваста ба ин минтақаи сайёҳӣ ҷалб менамояд.
Тавре 28 июни соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъкид намуданд, вилоят яке аз минтақаҳои нотакрору дорои имконоти васеъ барои рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Ба таъкиди Сарвари давлат, соли 2024 ба шаҳру ноҳияҳои вилоят 40 ҳазор сайёҳ омадааст, ки нисбат ба соли 2021 13 баробар бештар мебошад.
Ин нишондиҳанда афзоиши ҷиддии таваҷҷуҳи дохиливу хориҷӣ ба имконоти сайёҳии вилоятро нишон медиҳад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолони вилоят таъкид намуданд, ки рушди инфрасохтори сайёҳӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, ҷалби шумораи бештари сайёҳон, инчунин тақвияти шабакаҳои коммуникатсионӣ аз масъалаҳои муҳиму рӯзмарра маҳсуб шуда, дар ин самт зарур аст иҷрои тадбирҳои иловагӣ аз ҷониби роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳо бо ҳамоҳангии вазорату идораҳои марбута ба роҳ монда шавад.
Рушди босуботи соҳаи сайёҳӣ дар вилоят метавонад ба эҷоди ҷойи нави кор, афзоиши даромади аҳолӣ, муаррифии имконоти табиӣ ва фарҳангии мамлакат дар арсаи байналмилалӣ ва пешбурди иқтисоди «сабз» мусоидат намояд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд






