Имсол дар Бадахшон 45 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
ДУШАНБЕ, 12.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли 2025 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 45 адад корхонаву коргоҳҳои саноатӣ бо 360 ҷойҳои нави кор мавриди истифода қарор дода шуд, ки дар вилоят теъдоди корхонаҳои саноатӣ ба 182 адад расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки танҳо дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни Ваҳдати миллӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 33 адад корхонаҳои саноатӣ бо таъсиси 264 адад ҷойҳои нави корӣ ба фаъолият оғоз намуданд, ки дар онҳо 14 номгуйи маҳсулот истеҳсол мегардад.
Таъсис додани ин корхонаҳо, пеш аз ҳама бо мақсади рушди саноат дар ҷумҳурӣ дар доираи амалӣ намудани ҳадафи стратегии мамлакат-саноатикунонии босуръат ва эълон гардидани солҳои 2022-2026 Солҳои рушди саноат мебошад.
Солҳои охир соҳаи саноати вилоят тамоюли мусбии рушдро нигоҳ дошта, дар баъзе самтҳо суръати афзоиш бамаротиб зиёд таъмин шуда истодааст.
Амалишавии «Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» барои рушди соҳаи иқтисодию иҷтимоии вилоят муҳим буда, ба кор даровардани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои нави кор ва дар ин замина зиёд намудани номгўи маҳсулоти истеҳсолшавандаи маҳаллӣ, ба баланд намудани сатҳи некӯаҳволии вилоят мусодат менамояд.
АКС аз манбаъҳои боз








Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд






