Имсол дар истироҳатгоҳи «Дурахшон» 260 нафар кӯдакону наврасон фароғат менамоянд
ДУШАНБЕ, 22.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар басти якуми истироҳатгоҳи «Дурахшон»-и ноҳияи Файзобод 130 нафар кӯдакону наврасон ба фароғат фаро гирифта шудаанд, ки қисме аз онҳо кӯдакони ятим мебошанд. Дар ин хусус хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ медиҳад.
Директори истироҳатгоҳи «Дурахшон» Маҳмадшариф Раҳмонов иброз намуд, ки бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод дар истироҳатгоҳ беҳтарин шароит муҳайё гардидааст. «Имсол истироҳатгоҳ дар ду баст фаъолият намуда, дар он 260 нафар кӯдакону наврасон истироҳат менамоянд. Дар истироҳатгоҳ кӯдакону наврасон аз рӯйи барномаи шуъбаи маорифи ноҳия бо машғулияти варзишию фарҳангӣ ва сайёҳӣ фаро гирифта шуда, бо чор вақт хӯрок таъмин ҳастанд», — иброз дошт ӯ.
Истироҳатгоҳи «Дурахшон» дар деҳаи Дурахшони Ҷамоати деҳоти Чашмасори ноҳияи Файзобод ҷойгир буда, дорои ҳавзи шиноварӣ, хобгоҳҳои кушод, ошхона ва майдончаи варзишӣ мебошад.
Имсол бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод дар истироҳатгоҳи «Дурахшон» майдончаи нави варзишӣ ва майдончаҳои бозии тенниси рӯйимизӣ сохта, ба истифода дода шуданд.
Ҳамзамон масъулини идораи маорифи ноҳияи Файзобод дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2025» дар назди муассисаҳои таълимӣ бо иштироки 1300 нафар кӯдакон лагерҳои солимгардонӣ ташкил намуданд. Зиёда аз 30 нафар фарзандони омӯзгорон ба истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» ҷалб гардиданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






