Имсол дар телевизионҳои Тоҷикистон 39 лоиҳа ва барномаҳои нав намоиш дода шуданд

Июль 21, 2025 18:30

ДУШАНБЕ, 21.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли равон дар телевизионҳои «Тоҷикистон», «Сафина», «Баҳористон», «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», «Синамо» ва телевизиони «Душанбе» 39 лоиҳа ва барномаҳои нав намоиш дода шуданд. Дар ин хусус имрӯз Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Саидзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Иброз гардид, ки дар ин давра дар 4 шабакаи радиои кумита 23 номгӯй бахшу барномаҳои нав таҳия ва пахш гардиданд.

«Дар ин давра сабти филмҳои мустанад аз мавзеъҳои таърихии ҷумҳурӣ шуруъ шуд, ки намоиши онҳо аз тариқи телевизионҳои давлатӣ оғоз гардид. Ҳамаи онҳо бо истифода аз зернависҳои забони англисӣ таҳия шудаанд»,-иброз дошт Носир Саидзода.

Ҳамчунин дар ин давра таваҷҷуҳи асосӣ ба масъалаи баланд бардоштани сифати барномаҳо, беҳсозии имконияти техникии шабакаҳои телевизионӣ ва фароҳам сохтани шароити мусоиди корӣ барои кормандони соҳа равона гардид.

Дар доираи амалишавии «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва мутобиқ гардонидани фаъолияти шабакаҳои давлатии телевизион ва радио ба талаботи замони муосир дар шашмоҳаи аввали соли 2025 таҷҳизоти муосир харида шуд.

 Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 21, 2025 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад