Имсол дар Тоҷикистон дар беш аз 186 ҳазор гектар кишти такрории зироати кишоварзӣ гузаронида мешавад

Июль 6, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 06.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имсол тибқи нақша, дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ 186 100 гектар кишти такрории зироати кишоварзӣ гузаронида мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

То охири моҳи июни соли равон дар 78 281 гектар кишти такрорӣ гузаронида шудааст, ки аз он ҳамагӣ 54 129 гектар ғалладонагиҳо,   аз ҷумла ҷуворимакка барои дон  27879  гектар, шолӣ  11520  гектар ва дигар ғалладонагиҳо 14730  гектарро ташкил медиҳад.

Вазорати кишоварзӣ дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини амнияти озуқавории мамлакат, танзими нарх дар бозорҳои истеъмолӣ ва афзун намудани иқтидори содиротии маҳсулоти кишоварзӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ нақшаи кишти такрориро зиёд иҷро намуд.

Тибқи иттилои  мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, риоя намудани муҳлати кишти зироат ва сари вақт иҷро намудани корҳои агротехникӣ омили муҳими фаровонҳосилӣ мебошанд. Майдонҳое, ки ба кишти зироати кишоварзӣ омода шудаанд, вобаста ба ҷойгиршавии минтақаҳо бояд, ки муҳлати кишти онҳо ҳатман риоя шавад.

Ҳоло дар мамлакат кишти такрорӣ идома дошта, то ин муддат ғалладонагиҳо, ҷуворимакка барои дон, шолӣ, сабзавот, картошка, зироати техникӣ ва зироати хӯроки чорво кишт карда шудааст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 6, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст