Кӯдакону наврасони ноҳияи Шаҳринав ба истироҳат фаро гирифта мешаванд

Июль 14, 2025 16:16

ДУШАНБЕ, 14.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар назди 10 муассисаи таълимии ноҳияи Шаҳринав 400 нафар кӯдакону наврасон дар басти якум ба истироҳату машғулияти тобистона фаро гирифта шудаанд. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳринав хабар доданд.

Тибқи иттилои масъулини шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳринав, дар басти якуми истироҳати тобистона кӯдакону наврасон аз оилаҳои камбизоат, ятимони кулл, нимятимон ва хонандагони фаъол ба лагерҳои наздимактабӣ ҷалб карда шудаанд.

Омӯзгорони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и ноҳияи Шаҳринав иброз доштанд, ки дар ин муассисаи таълимӣ бо ташаббуси соҳибкорону хоҷагидорон ва маблағҳои давлатӣ шароити хуби истироҳат муҳайё гардидааст. Аз ҷумла, ошхонаи замонавӣ, ҳавзи шиноварӣ ва майдончаи варзишӣ омода буда, дар ин муассиса кӯдакону наврасон ба истироҳати бофароғат фаро гирифта шудаанд.

Дар истироҳатгоҳҳо мураббияҳо дар байни истироҳаткунандагон озмунҳои гуногун, аз қабили «Офарин», «Канӣ бачаҳо», «Чароғаки раҳнамо» ва «Кӣ пештар»-ро доир намуда, ҳамроҳ бо онҳо ба китобхонию хушнависӣ ва оббозию дигар машғулияти варзишӣ машғул мешаванд. Ин озмунҳо ба рушди зеҳнии кӯдакону наврасон таъсири мусбат мерасонад.

Дар се муассисаи томактабии ноҳия низ кӯдакон ба истироҳату солимгардонӣ ҷалб карда шудаанд.

АКС: Шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳринав

Июль 14, 2025 16:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад