Кишоварзони Кӯлоб аввалин маротиба зери плёнка чигит кишт намуданд

Июль 13, 2025 10:30

ДУШАНБЕ, 13.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имсол кишоварзони шаҳри Кӯлоб дар 2995 гектар кишти пунбадона гузарониданд, ки 130 гектарашро кишти зери плёнка ташкил медиҳад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб иттилоъ доданд.

Кишовразони шаҳри Кӯлоб аввалин маротиба аст, ки кишти зери плёнакаро дар ин минтақа гузарониданд. Иттилоъ доданд, ки дар заминҳои кишти зери плёнка то ҳол обмониро оғоз накардаанд ва барои обмонӣ  15-20 рӯзи дигар лозим аст.

Ба тавсия олимони соҳаи кишоварзӣ,  кишти чигит дар зери плёнка чанд омили мусбат дорад: ягонакунии ниҳолҳо ва коркарди байни қаторҳо аз байн меравад, зеро дар замини бо плёнкаи полиэтиленӣ пӯшида тухми пунбадона ва об сарфа мегарданд, ковок меистанд ва сахт намешаванд. Нуриҳои минералӣ ба воситаи қубурҳои обтақсимкунанда дар вақташ ба ниҳолҳои пахта дода мешаванд.

Айни замон дар кишти анъанавӣ ягонакунии ниҳолҳо гузаронида шуда, баландии ниҳолон аз 15 то 20 сантиметрро ташкил медиҳад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 13, 2025 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад