Коргузории электронӣ-ҷузъи муҳими низоми муосири идоракунӣ. Бардошт аз машғулияти омӯзишӣ дар корхонаи «Роҳи оҳани Тоҷикистон»
ДУШАНБЕ, 24.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар мавзуи «Низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ» машғулияти омӯзишии коргузорӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин корхона хабар доданд.
Дар машғулияти омӯзишӣ иброз гардид, ки сол аз сол ҷаҳон рақамӣ шуда, мавзуи рақамисозии идоракунии давлатӣ торафт муҳимтар мегардад. Яке аз ҷанбаҳои муҳимми ин раванд гузариш ба гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ дар мақомоти давлатӣ мебошад, ки на танҳо зарурати техникӣ, балки қадами муассир дар самти беҳтар намудани фаъолияти сохторҳои давлатӣ, баланд бардоштани шаффофият, фаврият, бехатарии гардиши ҳуҷҷатҳо ва беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ба шаҳрвандон арзёбӣ мегардад.
Таъкид гардид, ки коргузории электронӣ ҷузъи муҳимми низоми муосири идоракунӣ ва гардиши ҳуҷҷатҳо мебошад. Он имкон медиҳад, ки ҳуҷҷатҳо ба таври электронӣ эҷод, коркард, нигоҳдорӣ ва интиқол дода шаванд. Ин ба суръатбахшии равандҳо ва кам кардани хароҷоти кори коғазӣ ва сарфаи вақт таъсири назаррас дорад.
Ҳамзамон дар машғулият яке аз ҳадафҳои асосии рақамисозиро беҳтар кардани сифати хизматрасонии аз ҷониби мақомоти давлатӣ пешниҳодшаванда унвон намуданд. Муомилоти электронии ҳуҷҷатҳо ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки маълумоти заруриро зудтар ба даст оранд, ба мақомот ариза ва дархостҳо пешниҳод карда, раванди баррасии онҳоро дар реҷаи вақти воқеӣ назорат намоянд. Ин ҳамкорӣ бо давлатро осонтар карда, вақти камтарро мегирад ва ба фароҳам овардани муҳити бароҳат ва самаранок барои шаҳрвандон мусоидат менамояд.
Ёдовар мешавем, ки солҳои охир таваҷҷуҳ ба иқтисоди рақамӣ ба яке аз ҳадафҳои муҳимми ҳукумат табдил ёфтааст. Ин аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ бо мақсади вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025 – 2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон карда шаванд.
АКС: Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон»













Зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои серталабтарини асри рақамӣ аз лиҳози истеъмоли неруи барқ табдил меёбад
Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид






