КУЛОЛГАРӢ. Саразми бостон яке аз нахустин марказҳои кулолгарии Осиёи Марказӣ будааст

Июль 7, 2025 08:50

ДУШАНБЕ, 07.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Кулолгарӣ – ҳунарест, ки аз лои махсус зарфҳову лавозимоти дигар месозанд. Ин соҳаи ҳунармандӣ дар байни тоҷикон аз давраҳои қадим маъруфу маъмул аст. Гили кулолгарӣ аз давраҳои қадим маҳсулоти аз ҳама наздик ва аз ҳама дастрас ба шумор мерафт. Дар давраи ҳукумронии сулолаи Сомониён ин ҳунари аҷдодӣ ба авҷи тараққӣ расида буд. Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намунаҳои гуногуни ин ҳунари аҷдодии мо ба намоиш гузошта шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллӣ.

Дар экспазитсияи шуъбаи «Таърихи бостон ва асрҳои миёна» -и Осорхонаи миллии Тоҷикистон бархе аз бозёфтҳои кулолии ёдгории Саразм ба намоиш гузошта шудаанд, ки бо як ҳунари баланди наққошӣ бо ангоб зинат ёфтаанд. Маҳз ҳамин ашёҳо бештар диққати тамошобинони ватанию хориҷиро ба худ ҷалб менамоянд.
Намунаҳои зебои кулолгарии қадимаи тоҷикон дар натиҷаи ҳафриёт дар Саразм, ки ба давраи баъдинаи энеолит ва асри биринҷӣ мансуб аст, кашф гардидаанд.

Аз бозёфтҳои Саразм маълум мешавад, ки дар ин мавзеи бостон ҳунари кулолгарӣ хеле ривоҷу инкишофёфта будааст. Бозёфтҳои кулолии Саразм аз он ҷиҳат хеле муҳиманд, ки мо дар навъу намуди зарфҳо ҳам нақшҳои ҳандасавӣ ва ҳам хатҳои амудию уфуқиро мушоҳида мекунем. Дар ҳар як нақш маънои алоҳида нуҳуфтааст. Масалан, мо хатҳои ростеро, ки дар ин зарфҳо мушоҳида мекунем, маънои боридани борон ва хатҳои гирдогирди зарф кашидашуда маънои оби равонро доранд. Аз таҳқиқи ин зарфҳо маълум мешавад, ки аллакай ниёкони мо дар ҳудуди Тоҷикистони имрӯза ба истеҳсоли чунин зарфҳое, ки сифатан хеле баланданд, ханӯз 5-6 ҳазор сол муқаддам машғул шудаанд.

Аз биноҳои Саразм баъзе деворнигораҳо низ кашф гардидаанд, ки яке аз пораҳои дар Осорхонаи миллӣ ба намоишгузоштаи он, ки мансуби ҳазораҳои IV-III-и то милод аст, тасвири ба свастика монанд дорад, ки яке аз рамзҳои тамаддуни ориёиҳо буд.
Дар вақти ҳафриёт аз Саразм, инчунин, оташдонҳои бузургҳаҷм кашф шуданд. Чунин оташдонҳо ё хумдонҳо, ки маъмулан дар марказҳои муҳими истеҳсоли кулолгарӣ сохта мешаванд, гувоҳ бар онанд, ки дар Саразм ҳунари кулолгарӣ дар авҷ будааст. Бахусус, маҳсулоти сафолӣ бо сифат ва шаклу намуди олии худ дар авҷи равнақ будааст. То ба имрӯз се намуди зарфи дар чархи кулолгарӣ сохташуда маълуму муайян шудаанд, ки номгӯи онҳоро зарфҳои восанҷӣ, ошхонагӣ ва хӯрокхӯрӣ ташкил медиҳанд.

Кулолгарон ба хотири беҳтарсозии сифат ва серхаридор будани маҳсулоташон рӯи зарфҳоро бо ангоб суфта мекарданд ва барои қонеъ гардонидани талаботи эстетикӣ аз нақшунигорҳои гуногун истифода мебурданд.

Роҷеъ ба дараҷаи баланди истеҳсолоти сафолӣ шаш хумдони аз ҳафриётҳои 2, 4, 6 ва 9-и Саразм ёфтшуда низ гувоҳӣ медиҳанд. Ин хумдонҳо ба навъҳои кушодаи мудаввар, дукамерагии якқабатаи дорои оташдони жарф ва дуқабата мутааллиқ мебошанд.

Хумдони дуқабатаи барои пазондани сафолот таъйиншуда, ки аз ҳафриёти 9-и маҷмааи маросимӣ ёфт шудааст, шаҳодати он аст, ки кулолгарони саразмӣ ин истеҳсолотро ҳанӯз панҷ ҳазор сол қабл аз худ намуда будаанд. Ин хумдони ба дараҷаи хуб маҳфузмонда аз ду камераи рӯиҳам ҷогирифтаи аловмонӣ ва пазониш иборат аст, ки бо хишти хом сохта шудаанд.

Низоми шабакаҳои гармигузаронӣ ва дудмӯриҳо аз ҷиҳати андешакорона сохта шуданашон фарқ мекунанд. Дар худи ҳамин ҷо шикастапораҳои пиёла, табақ ва дигар зарфҳо ( бештар аз даҳ шакл ) ёфт шудаанд, ки мавриди пазониш қарор гирифтаанд. Сохти хумдоне, ки ҳанӯз дар оғози ҳазорсолаи III-и то милод саразмиён коркард ва истифода менамуданд, дар ҳудуди Осиёи Марказии ҳамон давра ҳамто надоштааст. Танҳо баъди ду ҳазор сол ба истифодаи ин гуна хумдонҳо дар воҳаҳои Қашқадарёву Самарқанд шуруъ карданд.

Саразми бостон яке аз нахустин ва марказҳои кулолгарии нафақат ниёгони мо, балки тамоми сокинони минтақаи Осиёи Марказӣ будааст. Маҳз нуфузу мақом ва таъсири санъати кулолгарии Саразм буд, ки дар қарнҳои минбаъда кулолгарӣ дар Самарқанд, Бухоро, Хуҷанд, Ҳулбук, Балх, Кошону Исфаҳон барин шаҳрҳои бузурги минтақаи Осиёи Марказӣ низ тараққӣ намуд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Июль 7, 2025 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар фасли тирамоҳ бемориҳои сироятии мавсимӣ зиёд мешаванд
ТОҶИКИСТОН ВА ДУРНАМОИ РУШДИ САНОАТИ КӮҲӢ-МЕТАЛЛУРГӢ: аз захираҳои табиӣ то технологияҳои муосир
Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот аз олам даргузашт
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА УФУҚҲОИ НАВИ РУШДИ ИЛМ. Андешаҳо оид ба ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон ва астрономияи муосир
МАҚОМИ ЗАН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ. Давоми сеюним даҳсола мавқеъ ва мақоми зан дар ҷомеа ба куллӣ тағйир ёфт
ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ТАҲДИДҲОИ НАВИ КИБЕРӢ. Ин низом аз таҳдидҳо чӣ гуна муҳофизат карда мешавад?
ЗЕҲНИ СУНЪӢ: ТАЪРИХ, ИМКОНИЯТ ВА МАСЪУЛИЯТ. Андешаҳо оид ба ин мавзуъ
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид
ПИРЯХШИНОСӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Оид ба марҳилаҳои эҳё, рушд ва пешсафии ин соҳа дар арсаи ҷаҳон
РАШТ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши сиёсати давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии ин ноҳия
Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид