Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабонро 25 июл эълон мекунад

Июль 8, 2025 14:46

ДУШАНБЕ, 08.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 25 июл натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабон дар Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи паёмак (sms) ба ҳар довталаб ирсол мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Рӯзи 25 июл ба тамоми довталабоне, ки дар тақсимоти асосӣ роҳ ёфтанд паёмак ирсол мегардад. Дар ҳолати хомӯш будани телефони дастӣ (агар телефонро баъдтар ҳам фаъол намояд) паёмак дастнорас мегардад, яъне намеравад. Дар ин маврид довталаб ба Маркази миллии тестӣ муроҷиат намуда, аз натиҷаи он бохабар мегардад.

Маълумоти муфассал дар бораи натиҷаҳои озмуни тақсимот дар кабинети инфиродии ҳар довталаб гузошта мешавад. Агар дар бахши «Натиҷаи тақсимот»-и кабинети инфиродии довталаб матни «Шумо аз рӯи интихоби № n гузаштед!» дарҷ гардида бошад (ранги пасманзари он сабз аст), пас, довталаб дар озмуни тақсимот ба муассисаҳои таълимӣ мувофиқи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш комёб гардидааст. Дар ҷадвал комбинатсияи ихтисоси дахлдор, бали гузариш аз рӯйи он ва бали бадастовардаи довталаб нишон дода мешавад.

Агар дар бахши «Натиҷаи тақсимот»-и кабинети инфиродии довталаб матни «Шумо аз рӯйи ягон комбинатсияи ихтисоси интихобкардаатон нагузаштед! (ранги пасманзар (фон)-и он сурх аст), ин чунин маъно дорад, ки довталаб дар озмуни тақсимоти асосӣ аз рӯйи ҳеҷ яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш комёб нагардидааст.

Маълумоти бештарро метавон аз саҳифаи расмии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас намуд.

Ёдрас менамоем, ки роҳ ёфтан ба озмуни тақсимот маънои донишҷӯй шудани довталабро аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш надорад ва комёб шудан ё нашудани довталаби ба озмуни тақсимот роҳёфта тибқи интихобҳояш танҳо 25 июл, яъне пас аз озмуни тақсимот маълум мегардад.

АКС аз бойгонӣ

Июль 8, 2025 14:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад