Маркази миллии қонунгузорӣ 41 санади меъёрӣ-ҳуқуқиро аз экспертиза гузаронид
ДУШАНБЕ, 28.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шашмоҳаи аввали соли 2025 41 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро бо мақсади мутобиқ намудан ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз экспертизаи ҳуқуқӣ гузаронид, ки дар натиҷа 86 таклифи илмӣ рӯйи кор омад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори марказ Иззатулло Саидзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Ба иттилои директори марказ, дар ин давра аз ҷониби таҳиякунандагон ба Феҳристи нақшаҳои таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ 10 огоҳинома дар бораи омода намудани лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки боиси таҳлили таъсири танзимкунӣ мегарданд, бо мақсади гузаронидани машварати оммавӣ ҷойгир карда шуд.
«Дар ин давра нисбат ба 7 огоҳинома хулоса доир ба гузаронидани машварати оммавӣ пешниҳод гардида, ба 11 лоиҳа хулосаи таҳлили таъсири танзимкунӣ пешниҳод гардид, ки 30 таклифу пешниҳодҳоро дар бар мегирад. Ҳамзамон ба 3 лоиҳаи таҳиякунандагон хулоса вобаста ба фарогир будан ба таҳлили таъсири танзимкунӣ пешниҳод карда шуд», — илова намуд Иззатулло Саидзода.
Ёдовар мешавем, ки Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст, ки оид ба мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод таҳия намояд. Ҳамчунин он таҳқиқоти муқоисавию ҳуқуқии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо қонунгузории давлатҳои хориҷӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронад.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»,
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






