Масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-сола муҳокима гардид

Июль 10, 2025 11:39

ДУШАНБЕ, 10.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-сола мавриди муҳокима қарор дода шуд. Бо мақсади амалӣ намудан ва муҳайё сохтани заминаҳои мусоид барои татбиқи низоми таҳсили 12-сола қарор қабул гардид, ки дар давоми даҳ рӯз гурӯҳи байниидоравӣ таъсис дода шавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ин гурӯҳ бояд вобаста ба таҳияи нақшаи чорабиниҳо, омода намудани барномаҳои таълимӣ, омода намудани муассисаҳои таълимӣ ва кадрҳои омӯзгорӣ, инчунин бо роҳандозии корҳои фаҳмондадиҳӣ чораҳои амалӣ андешад.

Таъкид гардид, ки татбиқи ин иқдом дар заминаи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуда, яке аз марҳилаҳои муҳимми ислоҳоти соҳаи маориф ба ҳисоб меравад.

Иброз гардид, ки гузариш ба низоми таҳсили 12-сола амри зарурӣ буда, ба боло рафтани сифати таълим ва мутобиқсозии низоми таҳсилот ба меъёрҳои байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард.

Таҷрибаи як қатор кишварҳои ҷаҳон нишон медиҳад, ки гузариш ба низоми таҳсили 12-сола раванди муваффақ ва ҳамаҷониба санҷидашуда мебошад. Аз ин рӯ, Вазорати маориф ва илм бо ҷалби васеи мутахассисон ва бо истифода аз таҷрибаи пешрафтаи байналмилалӣ нақшаи амалии мазкурро тадриҷан ва бо назардошти манфиатҳои миллӣ амалӣ хоҳад кард.

Аз масъулин тақозо гардид, ки барои иҷрои сифатноки вазифаҳои дар пешистода, сари вақт таҳия ва иҷро намудани нақшаи чорабиниҳо, инчунин, назорати ҷараёни амалисозии гузариш ба низоми таҳсили 12-сола тамоми имкониятҳоро сафарбар намоянд.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 10, 2025 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид