Масъалаи содироти сабзавоту меваи Тоҷикистон ба вилояти Свердловск баррасӣ гардид

Июль 10, 2025 09:16

ДУШАНБЕ, 10.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо иҷрокунандаи вазифаи губернатори вилояти Свердловски Русия Денис Паслер мулоқот намуд, итттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Вохӯрӣ дар доираи Намоишгоҳи 15-уми байналмилалии саноатии «ИННОПРОМ», ки дар шаҳри Екатеринбург доир шуд, баргузор гардид.

Бояд ёдрас шуд, ки Тоҷикистон ва вилояти Свердловск робитаҳои деринаи тиҷоратӣ ва дӯстӣ доранд. Аз ҷумла, дар ин самт созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ ба имзо расидаанд. Инчунин дар мулоқот масъалаи таҷдиди иншооти энергетикии Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Таъкид гардид, ки корхонаҳои Урал дар самти баланд бардоштани самаранокии низоми энергетикии ҷумҳурӣ фаъолона иштирок мекунанд. Ширкатҳо таҷҳизот таъмин мекунанд ва инфрасохтори ҳамроҳро месозанд. Дурнамои ҳамкорие, ки мавриди баррасӣ карор гирифт, ташкили корхонаи муштараки истеҳсолии маҳсулот аз сурма буд. Ҳамзамон Денис Паслер ва Шералӣ Кабир масъалаи таъмини маҳсулоти саноати сабук ба вилояти Свердловск, инчунин иқтиқоли сабзавоту меваҳои Тоҷикистонро баррасӣ карданд.

АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 10, 2025 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд