Мехоҳед таътили тобистонаи фарзандатон босамар гузарад? Пас ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон биёяд

Июль 4, 2025 14:52

ДУШАНБЕ, 04.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз таътили тобистонаи хонандагон як моҳ сипарӣ гардид. Барои пурсамар ва бофароғат гузаштани ин айём бештари хонандагон ба китобхонаҳо рафта, бо хондани китобҳои шавқовар дониши худро сайқал медиҳанд. Имрӯзҳо толори шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон пур аз хонандагон аст, ки ба мутолиаи асарҳои бадеӣ машғул мешаванд. Дар ин мавзуъ мухбири АМИТ «Ховар» бо сардори шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон Шаҳноза Дониярова суҳбат намуд.

«Моҳи июн ба шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки махсус ба гурӯҳи хонандагони мактабӣ тааллуқ дорад, беш аз 1800 нафар хонанда омадаанд. Ба ҳисоби миёна дар як рӯз то 100-150 нафар хонанда вориди шуъба мегардад»,- гуфт ҳамсуҳбати мо.

Шаҳноза Дониярова афзуд, ки «айни замон бештари хонандагони шуъбаи мо иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» мебошад. Дар ҳошияи озмун аз рӯйи номинатсияи адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ гӯшаи махсус ташкил гардидааст. Дар ин гӯша ҳама он адабиётҳое, ки барои иштирок аз рӯи ин номинатсия тавсия дода шудааст, ҷойгир мебошад».

Дар шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон 6386 нусха китоб ҷойгир мебошад, ки аз ин шумора 4148 нусха бо забони тоҷикӣ, 1693 нусха бо забони русӣ, 146 нусха бо забони хориҷӣ, 4 нусха бо забони франсузӣ, 26 нусха бо забони немисӣ ва 116 нусха китоб бо забони англисӣ мебошанд. Кӯдакон ва наврасон ҳамарӯза мустақилона ва бо тавсияи мутахассисони шуъба китоб интихоб намуда, мутолиа менамоянд.

«Вазифаҳои асосии шуъбаи мо ин қонеъ намудани талабу дархости хонандагон тавассути адабиёти барои кӯдакон ва наврасон нигаронидашуда ва маводи электронӣ ба ҳисоб меравад. Фонди шуъба асосан дар шакли намоиш гузошта шудааст, ки хонанда бе мушкилӣ китобҳоро интихоб намуда, мутолиа менамоянд. Дар баробари мутолиаи китоб, ҳар хонанда давоми 30 дақиқа аз барномаҳои электронӣ тавассути компютерҳо, истифода мебарад. Инчунин барои хонандагон омӯзиши забонҳо, рангу бор кардани расмҳо, ҳисобу китоб, ки барои сайқал додани савияи динишу ҷаҳонбинии ҳар мактаббача нақши бузург дорад, таҳия гардидааст»,-иброз дошт Шаҳноза Даниярова.

Ҳамзамон дар шуъба барои ҷалби хонандагон барномаҳои фарҳангӣ, маҳфилҳо, дарси кушод ва намоиши китобҳо гузаронида мешавад. Аз ҷумла, маҳфили «Дар сӯҳбати адиб», барномаи телевизионии «Фурӯғ», «Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон», маҳфили «Ҳамешабаҳор»-и Шоири халқии Тоҷикистон Хайрандеш, «Панҷаи ҳунар», ҳафтаи «Забон ва адабиёти рус» дар ҳошияи Рӯзи «Ҳадяи китоб», барномаи «Китоби нав», маҳфили «Китобхони беҳтарини моҳ» доир карда мешаванд.

Дар ҳамаи ин маҳфилу барномаҳои телевизионӣ хонандагони фаъоли шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷалб карда мешаванд.


Бояд гуфт, ки дар шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз рӯзи душанбе то ҷумъа 10 нафар мутахассис ба хонандагони шуъба, ки аз 7 то 16 -соларо ташкил медиҳанд, хизмат мерасонанд.

Таътили тобистона барои хонандагон як фурсати хубест барои истироҳат ва барқарор намудани қувваи ҷисмонӣ ва рӯҳӣ. Яке аз роҳҳои беҳтарин ба таври манфиатбор гузаронидани таътил барои кӯдакону наврасон ин мутолиаи китобҳои бадеӣ мебошад.

Мутолиа ба хонандагон на танҳо дониш медиҳад, балки ҷаҳонбиниро васеъ мекунад, забони модариро сайқал медиҳад. Волидайн ва омӯзгорон бояд кӯмак кунанд, то хонандагон китобҳои мувофиқ ба синну сол ва завқи худ интихоб намоянд. Ҳатто ташкил намудани мусобиқаҳои китобхонӣ ё гурӯҳҳои мутолиа метавонад шавқи кӯдаконро зиёдтар намояд.

Дар маҷмӯъ, мутолиа дар таътили тобистона барои рушди ҳамаҷонибаи хонандагон хеле муҳим буда, асоси муваффақияти ояндаи онҳо мебошад.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Июль 4, 2025 14:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Имсол дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 8 озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
ҲАРГИЗ НАМИРАД ОН КИ ДИЛАШ ЗИНДА ШУД БА ИШҚ. Девони Ҳофиз дар Тоҷикистон беш аз сад маротиба ба нашр расидааст
КУЛОЛГАРӢ. Саразми бостон яке аз нахустин марказҳои кулолгарии Осиёи Марказӣ будааст
Барномаи консертии арбобони санъати Тоҷикистон ва Қирғизистон таҳти унвони «Дӯстии абадӣ» доир мегардад
«ҚАЛАМДОРӢ-МАСЪУЛИЯТИ ВАТАНДОРИСТ». Таҳти ин унвон маҳфили адабии нависанда Садриддин Ҳасанзода доир шуд