Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Муғулистон дар Қасри миллат

Июль 24, 2025 09:40

ДУШАНБЕ, 24.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Пас аз анҷоми маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом зимни мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо ва музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои Тоҷикистону Муғулистон ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, масоили мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташрифи меҳмони олиқадр, Президенти Муғулистон ва ҳайати расмии ин кишварро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, алоқамандии ҷониби Тоҷикистонро ба рушди ҳамаҷонибаи робитаҳо бо Муғулистони дӯст таъкид карданд.

Сарвари давлати мо изҳори боварӣ намуданд, ки табодули афкори судманди имрӯза ба раванди таҳкиму тавсеаи ҳамкорӣ дар тамоми соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи ду кишвар такони мусбат хоҳад бахшид.

Зимни ёдоварӣ аз аҳамияти муколамаи сиёсии сатҳи олӣ ва тавсеаи равобити байнипарлумонӣ ҷонибҳо бар зарурати фаъол гардонидани кори Гурӯҳи муштараки дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонӣ ҳамчун василаи муҳими густариши ҳамкории гуногунҷанба миёни ду кишвар таъкид намуданд.

Бо мақсади тавсеаи минбаъдаи маҷмӯи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, ҷониби Тоҷикистон таҳия ва қабули Барномаи ҳамкориҳо ва Роҳкори соҳавии амалҳои муштаракро оид ба афзоиши гардиши мол барои солҳои наздик пешниҳод кард. Ҳамзамон, таъсиси Шурои соҳибкории Тоҷикистон ва Муғулистон ба мақсад мувофиқ дониста шуд.

Дар ин зимн баргузории мунтазами ҳамоишҳои доираҳои соҳибкорӣ ва намоишгоҳҳои молу маҳсулоти ду кишвар муҳим дониста шуд.

Ҳамоиши аввалини доираҳои соҳибкорӣ ва тиҷоратии ҷонибҳо, ки имрӯз дар Душанбе баргузор мегардад, иқдоми муҳим дар ин самт арзёбӣ гардид.

Масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла дар бахши чорводорӣ мавриди таваҷҷуҳи хос қарор доштанд.

Соҳаҳои саноати коркард, бахусус саноати сабук ва хурокворӣ, ҳамчунин, истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ аз самтҳои ояндадори ҳамкорӣ миёни ду давлат маънидод гардид.

Масъалаи пешбурди рӯзномаи “сабз” ва татбиқи ҳадафҳои рушди устувор мавриди назари ду ҷониб қарор дошт.

Самти дигари афзалиятноки ҳамкорӣ соҳаи сайёҳӣ номида шуд. Дар ин зимн Пешвои миллат имкониятҳои фарохи Тоҷикистонро ҷиҳати рушди сайёҳии кӯҳнавардӣ, экологӣ ва офиятбахшӣ алоҳида қайд карданд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба масъалаи рушди ҳамкорӣ миёни минтақаҳои ду кишвар, ҳамчун шакли муассири густариши робитаҳои мустақими иқтисодӣ зоҳир гардид.

Дар ҷараёни суҳбат Сарвари давлати мо бо ишора ба нақши муҳими Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ дар пешбурди тамоми маҷмӯи робитаҳои Тоҷикистону Муғулистон, зарурати шурӯи фаъолияти онро дар ояндаи наздик салоҳ донистанд.

Ба масоили вобаста ба густариши робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Баргузории Рӯзҳои фарҳанги Муғулистон дар Тоҷикистон қадами аввали муҳим дар ин самт арзёбӣ шуд.

Тарафҳо, ҳамчунин, аз тавсеаи робитаҳо дар бахшҳои илм, маориф, васоити ахбори омма, осорхонаҳо, сиёсати ҷавонон ва варзиш ҷонибдорӣ намуданд.

Ҳамзамон, дар робита ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ табодули афкор анҷом ёфта, ҷонибҳо аз идомаи ҳамкории созандаи ду давлат дар ин ҷода дар доираи ниҳодҳои бисёрҷониба, бахусус Созмони Милали Муттаҳид ва муассисаҳои махсуси он ҷонибдорӣ карданд.

Сарвари давлати мо аз мусоидати пайвастаи ҷониби Муғулистон дар пешбурди ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои обу иқлим изҳори қаноатмандӣ карда, хостори ҳамкориҳои амалии ду кишвар дар муқовимат алайҳи хатару таҳдидҳои амниятӣ гардиданд.

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Муғулистон дар Қасри миллат 24.07.2025

Июль 24, 2025 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳо дар қолаби СҲШ+ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои Сарони давлатҳои СҲШ таҳти унвони «25 соли СҲШ: таҳкими субот, густариши ҳамкорӣ барои рушди ояндаи муштарак» иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои ҷаҳонии кӯчманчиён иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фиристодаи махсуси Президенти ИМА дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Серҷио Гор ва сенатори ИМА Стив Дейн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҳамоиши сарони давлатҳои аъзои СҲШ ба шаҳри Бишкек сафар карданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ иштирок намуданд