Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзии ноҳияи Ёвон шинос гардид

Июль 24, 2025 08:59

ЁВОН, 24.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. 23 июл  муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дар ноҳияи Ёвон бо вазъи соҳаи кишоварзӣ шинос гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар»  Субҳониддини Маҳмуд  аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон иттилоъ доданд.

Дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати кунунии нашъунамои ниҳолҳои пахта шинос гардид. Таваҷҷуҳи асосӣ ба ҳолати нигоҳубини босифати ниҳолҳои пахта, риояи қоидаҳои агротехникаи дуруст ва истифодаи самараноки нуриҳо равона карда шуд.

Ба муовини Сарвазири мамлакат иттилоъ дода шуд, ки бо гузаронидани тадбирҳои саривақтӣ ва корбарии дуруст ҳоло ниҳолҳои пахта дар марҳилаи муътадили нашъунамо қарор дошта, корҳои сарчинкунӣ, обмонӣ, мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон ва дигар чорабиниҳо бамаврид амалӣ шуда истодаанд. Бо мақсади баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва самаранокии истеҳсолот тадбирҳои иловагии агротехникӣ андешида мешаванд.

Муовини Сарвазири Тоҷикистон барои таҳкими чорабиниҳои агротехникӣ, истифодаи самараноки обу нуриҳо ва тақвияти фаъолияти масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод. Таъкид гардид, ки бо амалӣ кардани чунин тадбирҳои саривақтӣ, масъулиятшиносӣ ва талошҳо кишоварзон метавонанд ба нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ ноил шуда, дурнамои пешбинишударо дар сатҳи зарурӣ таъмин намоянд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон

Июль 24, 2025 08:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд