Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзии шаҳри Турсунзода шинос шуд
ДУШАНБЕ, 07.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дар шаҳри Турсунзода бо вазъи соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла нашъунамои токзор, парвариши зироат, аз қабили пахта ва иҷрои корҳои созандагию бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ шинос шуд. Дар ин хусус аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Муовини Сарвазири мамлакат дар хоҷагҳои деҳқонии «Боғи Сомон» ва «Атохоҷа» вобаста ба парвариши дурусти навъҳои гуногуни ангур ва пахта бо кишоварзон ҷиҳати коркард ва ғизодиҳии дурусти дарахтони ангур ва сари вақт бо обу ғизодиҳии фаро гирифтани пахта суҳбат намуд.
Сулаймон Зиёзода инчунин бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бозори калонтарини шаҳри Турсунзода ва муассисаҳои таълимию томактабӣ шинос гардид.
Зимни суҳбат бо масъулин таъкид гардид, ки баҳри бо сифати баланд ва тибқи меъёрҳои шаҳрсозӣ бунёд гардидани иншооти мазкур ва дар муҳлати муайяншуда ба истифода додани онҳо тадбирҳои муҳим андешида шаванд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






