Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини Сарвазири Муғулистон мулоқот намуд

Июль 24, 2025 20:30

ДУШАНБЕ, 24.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи нахустин Форуми сармоягузории Тоҷикистону Муғулистон мулоқоти муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо муовини Сарвазири Муғулистон Сайнбуян Амарсайхан баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои калидии ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, густариши сармоягузориҳои мутақобила ва татбиқи лоиҳаҳои муштаракро мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дода, зарурати истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷударо таъкид намуданд.

Ҷонибҳо иродаи муштараки худро ҷиҳати таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дар руҳияи эътимод ва манфиатҳои муштарак тасдиқ намуда, таъкид карданд, ки тавассути ҳамоҳангсозии иқдомҳои муштарак метавонанд пояҳои ҳамкории устувор ва самарабахшро барои оянда гузоранд.

АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 24, 2025 20:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод — Ойбек» шинос шуданд
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «Нақлиёт ва логистикаи Созмони ҳамкории Шанхай» доир мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Хушкмеваҳои Тоҷикистон манбаи бойи витаминҳо, минералҳо, антиоксидантҳо ва нахҳои хӯрокворӣ мебошанд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Тоҷикистон захиранамоии хӯроки чорво идома дорад
Кишоварзони Тоҷикистон беш аз 614 ҳазор тонна гандум ҷамъоварӣ намуданд
Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии ангур идома дорад
Дар вилояти Суғд беш аз 1300 корхонаи саноатӣ фаъолият менамоянд
Раванди татбиқи лоиҳаи «Сохтмони лӯлаи газгузари Тоҷикистон-Чин, қисмати Д» баррасӣ гардид
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар 72,5 гектар плантатсияҳои дарахти павловния бунёд карда шуданд
Дар хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Рӯдакӣ ҷамъоварии пахта оғоз гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо корҳои кишоварзӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Дар ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷамъоварӣ ва коркарди пахта идома дорад