Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти солонаи Шурои хизматрасониҳои молиявии исломӣ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 04.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. 1-3 июли соли равон дар шаҳри Работи Шоҳигарии Марокаш 23-юмин нишасти солонаи Шурои хизматрасониҳои молиявии исломӣ (Islamic Financial Services Board – IFSB) баргузор шуд, ки дар он муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фируз Шарифзода иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Ин чорабинии сатҳи баланд, ки бо мизбонии Бонки марказии Марокаш гузаронида шуд, намояндагони бонкҳои марказӣ, мақомоти танзимгар, муассисаҳои молиявӣ ва ташкилотҳои байналмилалиро аз кишварҳои гуногун ба ҳам овард.
Ҳадафи асосии нишаст таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва рушди устувори молияи исломӣ арзёбӣ гардид.
Дар ҳамоиш масъалаҳои калидӣ, ба монанди суботи низоми молиявии исломӣ, такмили заминаҳои ҳуқуқӣ ва тақвияти механизмҳои танзимиву назоратӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар доираи ҳамоиш муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои умумӣ ва нишастҳои мавзуии IFSB фаъолона иштирок карда, мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистонро оид ба масъалаҳои рушди молияи исломӣ, таҳкими низоми танзиму назорати бонкӣ, тақвияти бозори молиявӣ ва ҳамгироии минтақавӣ баён намуд.
Ба иттилои манбаъ, бо назардошти афзоиши таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба молияи исломӣ ва иқдомҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳкими низоми молиявии кишвар, иштироки Бонки миллии Тоҷикистон дар чунин ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ муҳим арзёбӣ мегардад. Ин раванд имкон фароҳам меорад, ки таҷриба ва стандартҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон ҷорӣ гардида, заминаи ҳуқуқӣ ва инфрасохтории зарурӣ барои рушди хизматрасониҳои исломӣ ба вуҷуд оварда шавад.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҳамкориро дар самти таҳкими низоми молиявию бонкӣ густариш медиҳанд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1040 то 0.1144 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд






