Намояндаи Тоҷикистон дар ҳафтумин Иҷлосияи махсуси мавзуӣ оид ба об ва офатҳои табиӣ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 09.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 8 июл Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат дар ҳафтумин Иҷлосияи махсуси мавзӯӣ оид ба об ва офатҳои табиӣ, ки таҳти унвони «Об ва офатҳои табиӣ барои ҳамкорӣ ва шарикӣ» дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид, иштирок намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар доданд, Ҷонибек Ҳикмат зимни иштирок дар панели сатҳи баланд таҳти унвони «Аз Конфронси оби СММ 2023 то Конфронси оби СММ 2026» ба зарурати фаврии ҳамкорӣ ва иродаи сиёсӣ дар самти рафъи хатарҳои афзояндаи вобаста ба об, бахусус дар минтақаҳои аз офатҳои табиӣ осебпазир ва дорои пиряхҳо таъкид кард.
Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид бо инобати пешсафии Тоҷикистон дар ин соҳа тавассути Раванди оби Душанбе ва Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ба уҳдадориҳои мамлакати мо дар самти пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об дар пешорӯи Конфронси обии СММ дар соли 2026, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Сенегал ва Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор мешавад, ишора кард.
Намояндаи доимӣ ба аҳамияти шарикии қавитар, ҳамоҳангсозии беҳтари фаромарзӣ ва дастгирии бештар аз кишварҳое, ки бо мушкилоти иқлим ва об рӯбарӯ ҳастанд, таъкид намуд.
АКС: Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид








Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд






