Натиҷаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 19.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. 18 июл Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода дар чорабинии канории Тоҷикистон, ки дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар ҳошияи Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор (HLPF-2025) дар мавзуи «Ҳифзи пиряхҳо – таъмини ояндаи муштараки мо: муаррифии натиҷаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо» баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар доданд.
Ҳадафи асосии чорабинӣ муаррифии натиҷаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки аз 29 то 31 майи соли 2025 дар Тоҷикистон баргузор гардид, ба ҳисоб мерафт.
Баҳодур Шерализода таъкид намуд, ки конфронси мазкур дар асоси Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, A/RES/77/158, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардида, соли 2025-ро ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон намуда буд, баргузор гардид.
Бо қаноатмандӣ иброз гардид, ки қабули Эъломияи Душанбе оид ба пиряхҳо аз натиҷаи конфронси мазкур марҳалаи муҳим дар самти расидан ба талошҳои муштарак барои пешгирӣ аз коҳиши пиряхҳо ва таназзули криосфера маҳсуб мешавад. Ин санад дурнамои шаш самти афзалиятноки ҳамкорӣ, аз қабили баланд бардоштани огоҳӣ ва тақвияти иқдом; пешбурди мониторинг ва таҳқиқоти илмӣ, аз ҷумла дар чаҳорчӯби Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, 2025-2034; воридсозии ҳифзи пиряхҳо ба сиёсати иқлим; ҷалби маблағгузорӣ ва захираҳо; тарғиби фарогирӣ ва донишҳои анъанавӣ; ва пуштибонӣ аз маорифу таҳкими иқтидорро муайян менамояд.
Чорабинии канорӣ майдони муҳимро барои муҳокима ва пешбурди ҳалли масъалаҳои марбут ба обшавии босуръати пиряхҳо тавассути шарикии глобалӣ фароҳам овард.
Дар нишаст намояндагони кишварҳои аъзо ва ниҳодҳои дахлдори Созмони Милали Муттаҳид, коршиносон ва олимони соҳа инчунин дигар ҷонибҳои ҳавасманд иштирок карданд.
Иштирокдорон аз баргузории муваффақонаи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, нақши боризи мамлакат дар пешбарии масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо гуфта, омодагии худро барои дастгирии Тоҷикистон дар ин раванд баён намуданд.
Нишасти мазкур аз ҷониби Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг (UNESCO), Созмони ҷаҳонии метереологӣ (WMO), Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ (UNDESA) ташкил карда шуд.
АКС: Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид













Дар Вена баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Австрия баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои дохилии Миср мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Вазири адлияи Эрон мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини парлумонии вазири корҳои хориҷии Ҷопон Эри Арфия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар вохӯрии муовини Котиби давлатии ИМА бо сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси Палатаи савдо ва саноати Салтанати Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи илму фарҳанг баррасӣ шуд
Дар Берлин консерти ансамбли «Моҳирон» дар доираи фестивали байналмилалии Young Euro Classic баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар соҳаи ҳуқуқи инсон баррасӣ шуд
Дар Кувайт ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар самти консулӣ байни Тоҷикистон ва Давлати Кувайт баррасӣ гардид
Ташаббуси Тоҷикистон дар СММ: масъулияти байнинаслӣ ҳамчун парадигмаи нави ҳуқуқи сулҳ. Андешаҳо дар ин маврид






