НИШАСТИ МАТБУОТӢ. 27 муассисаи таълимӣ барои ба талабот мутобиқат накардан танҳо ба муҳлати ду сол аз аттестатсия гузашта ҳисобида шуд
ДУШАНБЕ, 31.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тавре аз таҳлили натиҷаҳои аттестатсияи давлатии муассисаи таълимӣ бармеояд, дар шашмоҳаи якуми соли 2025 аз шумораи умумии 499 муассисаи таълимие, ки аз аттестатсияи давлатӣ гузаронида шуданд, 27 муассиса бинобар сабаби ба талаботи меъёрӣ мутобиқат накардан ба муҳлати ду сол аз аттестатсия гузашта ҳисобида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 16 муассиса кам мебошад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Саидзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Ба андешаи директори агентӣ, сабабу омилҳои аз аттестатсияи давлатӣ шартан гузаштани муассисаҳои таълимӣ надоштани Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин, шиносномаи техникӣ, ба меъёрҳои муайянкунандаи мақоми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мувофиқат накардани таъминоти кадрӣ (норасоии мураббиҳо, омӯзгорони соҳибтахассус – бо таҳсилоти миёнаи касбӣ, ғайриихтисоси омӯзгорӣ ва ғайриихтисоси фаннӣ фаъолият намудани омӯзгорон) ва ба талаботи замимаи иҷозатнома мувофиқат накардани шумораи тарбиягирандагон ва таълимгирандагон дар муассисаҳо мебошад.
«Омили дигар- ин норасоии масоҳати таълимӣ (норасоии ҷойи хоб, мавҷуд набудани толори хӯрокхӯрӣ, мусиқӣ, айвончаҳои болопӯшида барои бозии кӯдакон, нуқтаҳои хизматрасонии тиббӣ – дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва мавҷуд набудани толори фарҳангӣ, толор ва майдончаҳои варзишӣ, нуқтаҳои хизматрасонии тиббӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ) мебошад», — афзуд Маҳмадтоир Саидзода.
Иброз гардид, ки мушкили дигар- ин дар сатҳи зарурӣ қарор надоштани пояи моддию техникӣ (мавҷуд набудани кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ, кабинетҳои технологияи иттилоотӣ ва кабинетҳои технологияи меҳнат (алоҳида барои писарон ва алоҳида барои духтарон), норасоии китобҳои дарсӣ ва мавҷуд набудани китобхона, қироатхона ва мавҷуд набудан ё дар ҳолати ногувор қарор доштани боғу дарахтони ҳамешасабзу ҳосилдиҳанда дар саҳну ҳавлии муассисаҳо ва дигар камбудиҳо мебошад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид






