НИШАСТИ МАТБУОТӢ. 72 донишҷӯ Донишгоҳи давлатии Бохтарро бо дипломи аъло хатм намуд

Июль 24, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 24.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар соли таҳсили 2024–2025 Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро 72 донишҷӯ бо дипломи аъло хатм намуд. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2024  19 нафар зиёд мебошад. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотии Донишгоҳи давлатии Бохтар изҳори назар карда шуд.

Ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар иброз намуд, ки ҳоло 369 донишҷӯ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд, ки 2,4 дарсади донишҷӯёни таҳсили рӯзона ва 35,9 дарсади донишҷӯёнро аз ҳисоби буҷети давлатӣ ташкил медиҳад. Ҳамзамон 6 донишҷӯ сазовори стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст.

Дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2025    19 олими ҷавон ва 7 донишҷӯи аълохони донишгоҳ сазовори стипендияи Раиси вилояти Хатлон гардиданд.

Дар донишгоҳ 460 донишҷӯ аз оилаҳои ниёзманд таҳсил мекунанд, ки 18 нафарашон ятими кулл, 391 нафар нимятим ва 51 нафар маъюб мебошанд. Онҳо пайваста зери таваҷҷуҳи роҳбарияти донишгоҳ қарор доранд.

Дар донишгоҳ шумораи умумии донишҷӯён ба 15 ҳазору 281 нафар мерасад. Аз ин шумора 6 ҳазору 748 донишҷӯ дар шуъбаи рӯзона, 8 ҳазору 534 донишҷӯ бо намуди таҳсили фосилавӣ ва 190 нафар дар зинаи магистратура таҳсил менамоянд.

АКС: Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав

Июль 24, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид