НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон зиёда аз 4,7 миллиард долларро ташкил дод

Июль 28, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 28.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи якуми соли 2025 гардиши савдои хориҷӣ 4 миллиарду 731 миллиону 100 ҳазор долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024  316 миллиону 800 ҳазор доллар  зиёд мебошад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.

Дар ин давра ба хориҷи мамлакат ба маблағи зиёда аз 953,1 миллион доллар маҳсулоти ватанӣ содирот шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 255,1 миллион доллар зиёд мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар маҷмуъ аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷагропромэкспорт»-и Агентии содирот ба хориҷи мамлакат дар ҳаҷми 60 ҳазору 600 тонна ба маблағи 77 миллиону 500 ҳазор  сомонӣ маҳсулоти саноатию кишоварзӣ содирот шудааст.

Инчунин дар нишасти матбуотӣ иброз гардид, ки барои рушди соҳаи содирот то охири соли 2025 марказҳои дастгирии содирот дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилояти Хатлон ба фаъолияти худ оғоз менамоянд.

Таъсиси ин марказҳо барои баланд бардоштани малакаи дониши содироткунандагон дар самти расмиёти ҳуҷҷатгузории содиротӣ ва дар сатҳи байналмилалӣ ба роҳ мондани тиҷорати содиротӣ мусоидат менамояд.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 28, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад