НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар Тоҷикистон беш аз 8,9 миллиард кВт-соатро ташкил дод

Июль 30, 2025 16:40

ДУШАНБЕ, 30.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар неругоҳҳои барқи обӣ ва марказҳои барқу гармидиҳии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик» соли равон ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар маҷмуъ беш аз 8,9 миллиард кВт-соатро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 дар ҳаҷми 944,6 миллион кВт-соат зиёд аст. Дар ин хусус 30 июл зимни нишасти матбуотӣ муовини директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик» Абдулло Қурбонзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки истеҳсоли неруи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ беш аз 8,3 миллиард кВт-соат ва дар марказҳои барқу гармидиҳӣ 858,9 миллион кВт-соат таъмин карда шудааст.

Бо дахли талафоти неруи барқ роҳбарияти Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик» иброз намуд, ки дар ин давра талафоти неруи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ ва марказҳои барқу гармидиҳии ҷамъият дар маҷмуъ 34,3 миллион кВт-соат ё ин ки 0,39 фоизи барқи истеҳсолшударо ташкил дод. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 1 миллион кВт-соат ё 0,05 фоиз коҳиш ёфтааст.

Ҳамзамон дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли неруи гармӣ дар мамлакат ба 812,6 ҳазор Гкал баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 дар ҳаҷми 29,7 ҳазор Гкал зиёд гардидааст.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 30, 2025 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад