НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Агентии хизмати давлатӣ Низоми иттилоотии идоракунии захираҳои инсонӣ таҳия менамояд

Июль 21, 2025 10:37

ДУШАНБЕ, 21.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Низоми иттилоотии идоракунии захираҳои инсонӣ таҳия карда мешавад. Он аз 16 модул иборат буда, дар он маълумот вобаста ба Феҳристи хизматчиёни давлатӣ, ҳайати сифатию миқдории онҳо, натиҷаи баргузории озмунҳо ва аттестатсия аз тариқи иттилооти электронӣ анҷом дода мешавад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии хизмати давлатӣ Илёс Идрисзода ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.

Ба иттилои Илёс Идрисзода, ба низоми иттилоотии идоракунии захираҳои инсонӣ ҳамзамон маълумот вобаста ба ҷойивазкунӣ, захираи кадрҳо, худхизматрасонӣ, маълумот оид ба музди меҳнат ва дигар маблағгузориҳои хизматчиёни давлатӣ, рақами мушаххаси андозсупоранда дохил мебошанд, ки ба воситаи иттилооти электронӣ анҷом дода мешаванд.

Ин ташаббус бо мақсади рақамикунонии соҳаи хизмати давлатӣ дар доираи Созишномаи грантии «Баҳодиҳии Лоиҳаи дуюми «Мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ» аз ҷониби агентӣ омода шудааст. Дар айни замон 9 модули он таҳияю ба истифода дода шуда, таҳияи 7 модули дигар идома дорад.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар

Июль 21, 2025 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид