НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Банаворгирии филми таърихии муштараки «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» моҳи август оғоз мегардад

Июль 28, 2025 14:30

ДУШАНБЕ, 28.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 1 августи соли 2025 банаворгирии филми таърихии муштараки Тоҷикистону Узбекистон «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» дар павилйионҳои Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» оғоз мегардад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён ба хабарнигорон иттилоъ дод.

«Марҳилаи аввали банаворгирии филм моҳҳои август — сентябр дар Тоҷикистон ва марҳилаи дуюм моҳҳои октябр — ноябр дар Узбекистон баргузор мешавад. Дар назар аст, ки филм то ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ манзури тамошобин гардонида шавад», — иброз дошт Маҳмадсаид Шоҳиён.

Зимни нишаст иттилоъ дода шуд, ки то имрӯз барои банаворгирии филм 1500 нусха китоб, 1650 дона лавозимоти гуногун, аз ҷумла шамъдош, гарданбанд, тарозу, кӯзаҳо ҷамъоварӣ ва сохта шуданд. Инчунин барои қаҳрамонони филм 750 либос, 400 ҷомаи гуногун, 300 тоқӣ ва 350 пойафзол омода карда шудааст.

Иброз гардид, ки айни замон барои иштирок ва наворгирӣ дар филми 40 ҳунарманд аз Узбакистон дар Тоҷикистон қарор доранд. Банаворгирии филм дар павилйионҳои «Тоҷикфилм» ва маконҳои таърихии ҷумҳурӣ дар назар аст.

Ёдовар мешавем, ки филми ҳунарии таърихии «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз ҷониби Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Узбекистон ба навор гирифта мешавад.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар

Июль 28, 2025 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид