НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Академияи идоракунии давлатӣ бахшида ба Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия ду ихтисоси нав таъсис ёфт
ДУШАНБЕ, 21.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (2025 – 2030) дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ду ихтисоси нав — иқтисоди рақамӣ ва амнияти автоматикунонии системаи иттилоот дар идоракунӣ дар зинаи бакалавриат ва магистратура таъсис дода шуд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Даврон Сафарзода иттилоъ дод.
Даврон Сафарзода иброз намуд, ки дар Академияи идоракунии давлатӣ дар соли таҳсили 2024-2025 374 омӯзгори дорои унвон ва дараҷаи илмӣ фаъолият дошта, шумораи умумии донишҷӯён ва магистрантон 5092 нафарро ташкил медиҳад.
Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади ҳавасманд гардонидани олимон ва муҳаққиқон барои анҷом додани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар Академияи идоракунии давлатӣ барои ҳимояи рисолаҳои илмии номзадӣ дар ҳаҷми 10 000 сомонӣ ва барои ҳимояи рисолаҳои докторӣ 15 000 сомонӣ маблағ муқаррар гардидааст.
Ҳамзамон иброз гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби устодону профессорони Академия 545 маводи илмӣ-таҳқиқотӣ ва интишорӣ омода карда шудааст.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд






