НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон шаш ихтисоси нав ташкил карда шуд

Июль 30, 2025 15:00

ДУШАНБЕ, 30.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар соли нави таҳсили 2025-2026 шаш ихтисоси нав ташкил карда шуд. Дар ин хусус 30 июл дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Бобоҷон Сатторзода иттилоъ дод.

«Молияи бозори амвол», «Иқтисодиёт ва молияи корхонаҳои хоҷагии шаҳр», «Иқтисодиёт ва молияи хоҷагии манзилию коммуналӣ», «Менеҷменти лоиҳаҳои рақамӣ», «Иқтисодиёти «сабз»» ва «Иқтисодиёт» аз ихтисосҳои нав мебошанд, ки онҳо тибқи талаботи бозори меҳнат, хусусан талаботи хизматрасонии шаҳрӣ ташкил карда шудаанд.

Зимни натиҷагирии фаъолияти Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2025 Бобоҷон Сатторзода гуфт, ки бо мақсади ташкили раванди таълим ва таъмини методии ҷараёни таълим дар ин давра барои се ихтисоси бакалаври шакли таҳсили рӯзона, 7 ихтисоси таҳсилоти фосилавӣ ва 17 ихтисоси магистратура нақшаи нави таълим ва барномаҳои нави таҳсилотии ба талаботи стандартҳои замони муосир ҷавобгӯ таҳия гардида, мавриди амал қарор доранд.

Дар айни замон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон 6 факултет, 17 кафедраи тахассусӣ ва 8 кафедраи умумидонишгоҳӣ фаъолият намуда, аз рӯи самтҳои гуногун мутахассисони соҳаи молия, андоз, бонкдорӣ, иқтисод, технологияҳои инноватсионию коммуникатсионӣ ва ҳуқуқи иқтисодӣ омода менамоянд.

Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон беш аз 8 ҳазор донишҷӯ таҳсил менамоянд, ки 4 ҳазору 393 нафараш дар шуъбаи рӯзона хонда, 3 ҳазору 692 донишҷӯ ба таҳсилоти фосилавӣ фаро гирифта шудаанд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 30, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад