НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 5 неругоҳи барқи офтобӣ ба истифода дода шудааст
ДУШАНБЕ, 24.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади ташаккул ва рушди стратегияи иқтисоди «сабз» дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 5 неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 62 киловатт-соат сохта, ба истифода дода шудааст. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳ Хайрулло Назарзода ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.
Тавре ректор иброз дошт, бо назардошти иқлими мусоиди Тоҷикистон, ки дар як сол 280-330 рӯзи офтобӣ дорад, имконияти истифодаи энергияи офтобӣ ҳамчун энергияи барқароршаванда хеле мусоид ва манфиатбахш мебошад. «Ин неругоҳҳои барқи офтобӣ дар доираи ҳамкории Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо ширкатҳои ватанӣ ва собиқ хатмкардагони донишгоҳ сохта, ба истифода дода шуданд. Неругоҳи барқи офтобӣ ба рӯшангардонии дохил ва беруни бино, ҳамзамон чароғонкунии шабонаи кӯчаи атрофи донишгоҳ равона гардидааст»,-гуфт ректори донишгоҳ.
Иттилоъ дода шуд, ки барои таҳсили соли 2025-2026 дар донишгоҳ 4 ихтисоси нав: иқтисодиёт ва идора дар корхона, муносибатҳои байналмилалӣ, таъмини иқтисодии фаъолияти гумрукӣ ва дизайн ва графикаи компютерӣ кушода шуд.
Ба иттилои Хайрулло Назарзода, сомонаи маъруфи Осиёи Марказӣ-weprojest.media, ки беш аз 10 сол таҷрибаи муваффақ дошта, ҳамчун калонтарин медиа дар минтақа дар самти илму маориф ва имконоти нав пазируфта шудааст, рӯйхати 5 донишгоҳи беҳтарини Душанбе барои донишҷӯёни Тоҷикистонро нашр намуд. Дар ин рӯйхат, ба иттилои ректор, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон низ ҷой дорад, ки ин ифтихори донишгоҳи мо ба шумор меравад.
Ҳамзамон иброз гардид, ки дар донишгоҳ ба фарҳанг ва арзишҳои миллӣ, арҷ гузоштан ба анъанаҳои либоспӯшии миллӣ, расму оинҳои мардумӣ, баланд бардоштани манзалати либосҳои миллӣ байни омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, дар ин самт даврҳои омӯзишии «Кадбону», «Гӯлдӯзӣ», «Чакан» ва «Дӯзандагӣ» ба таври ройгон ташкил шудаанд.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид






