НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон 799 нафар тавассути квотаи президентӣ таҳсил менамоянд
ДУШАНБЕ, 22.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино 799 донишҷӯ тавассути квотаи президентӣ таҳсил менамоянд, ки аз ин шумора 400 нафарро духтарон ташкил медиҳанд. Ҳамаи ин донишҷӯён бо хобгоҳ таъмин буда, таҳти назорати доимии роҳбарияти донишгоҳ қарор доранд. Дар ин хусус ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Нуриддин Муҳиддин 22 июл зимни нишасти матбуотӣ маълумот дод.
Иттилоъ дода шуд, ки теъдоди донишҷӯён нисбат ба соли таҳсили гузашта 7,5 % афзуда, аз 12 ҳазору 734 нафар ба 13 ҳазору 772 нафар расидааст. Шумораи донишҷӯдухтарон 6721 нафарро ташкил медиҳад.
«Мо кӯшиш менамоем, ки дар донишгоҳ кадрҳои баландихтисос омода намоем. Аз ин рӯ барои донишҷӯён дар донишгоҳ тамоми имконият ва шароит фароҳам оварда шудааст. Танҳо зарур аст, ки онҳо барои мутахассиси хуб шудан хонанд ва ба таври амалӣ фаъолият намоянд»,-гуфт ректори донишгоҳ.
Зимни нишаст иттилоъ дода шуд, ки соли 2025 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро 1845 нафар донишҷӯёни ватанӣ ва 307 нафар донишҷӯёни хориҷӣ (аз 12 давлати ҷаҳон) хатм намуданд.
«Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар баробари иҷрои нақшаи омодасозии мутахассисони соҳаи тибби ҷумҳурӣ инчунин барои давлатҳои хориҷӣ мутахассис омода менамояд. Ин аз рақобатпазир будани таҳсилоти Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ дарак медиҳад»,-иброз дошт Нуриддин Муҳиддин.
Моҳинави НАВРӮЗ,
Тоҳири САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд






