НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Данғара 6 муассисаи томактабӣ ба истифода дода мешавад
ДАНҒАРА, 30.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Раиси ноҳияи Данғара Сиҷоуддин Саломзода зимни нишасти матбуотӣ вобаста ба иҷрои супоришҳои Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати бунёд намудани муассисаҳои томактабӣ дар деҳаҳое, ки аз сад хоҷагӣ зиёд зиндагӣ менамоянд, ибрози назар намуд. Сиҷоуддин Саломзода гуфт, ки дар ноҳияи Данғара 94 деҳа мавҷуд аст, ки дар 60 деҳаи он аз 100 хоҷагӣ зиёд зиндагӣ менамоянд. То соли 2024 дар ноҳияи Данғара ҳамагӣ 4 муассисаи томактабӣ фаъолият мекард. Соли 2024 бо иштироки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар се деҳа се муассисаи томактабӣ бо фарогирии аз 100 то 150 кӯдак дар ҳар муассиса мавриди истифода қарор дода шуд.
Имрӯзҳо дар ноҳияи Данғара сохтмони 15 муассисаи томактабии ду-сеошёнагӣ бо фарогирии 4 ҳазор кӯдак идома дорад. Аз инҳо то моҳи октябри соли равон 6 муассисаи томактабӣ бо ҷалби 1700 кӯдак ба истифода дода мешавад. Бо боварӣ гуфта метавонем, ки то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 23 деҳа ва кӯчаю маҳал бо муассисаҳои томактабӣ таъмин мегарданд ва фарогирии кӯдакони ноҳия ба муассисаҳои томактабӣ 29-30 фоиз таъмин карда мешавад.
Дар нишасти матбуотӣ баён гардид, ки дар айни замон дар ноҳия 53 корхонаи саноатию истеҳсолӣ фаъолият дорад. Барои саноатикунонии ноҳия дар шаш моҳи соли равон се корхонаи саноатӣ ба истифода дода шуда, то охири сол 4 корхонаи истеҳсолии дигар омода мегардад.
Маҷмуи маҳсулоти саноатии ноҳияи Данғара дар шашмоҳаи якуми соли равон ба як миллиарду 277 миллиону 882,8 ҳазор сомонӣ расидааст, ки ба 101,8 фоиз баробар мебошад.
Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Минск таҷлил карда шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Тоҷикобод хати нави оби нӯшокӣ ва иншооти иҷтимоӣ мавриди истифода қарор гирифтанд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рашт ба анҷом расид
Дар Берлин 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии идона ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни 35–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар варзишгоҳи ноҳияи Рашт
Дар Париж 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил шуд
РАШТ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши сиёсати давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии ин ноҳия
Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар Рашт иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Тоҷикистон 182 деҳаи нав таъсис дода шуд






