НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Сино сохтмон ва навсозии 279 иншоот ба нақша гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 24.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе нақшаи чорабиниҳо оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ таҳия ва тасдиқ гардид, ки аз 1232 чорабинӣ иборат аст. То давраи ҳисоботӣ 925 адади он иҷро гардидааст, ки 75,1 фоизи нақшаро ташкил менамояд.
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ соли 2025 дар ҳудуди ноҳия аз шумораи 279 иншоот 1 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 4 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, 1 муассисаи тандурустӣ, 4 коргоҳу корхонаи саноатӣ бо 80 ҷойи кор бунёд шудааст. Хамчунин 12,2 км роҳҳо сохта ва навсозӣ шуда, сохтмони 19 бинои баландошёна ва навсозии партовгоҳҳо ба нақша гирифта шудааст.
То ин давра тибқи нақшаи 5-сола аз 1232 чорабинӣ 925 адади он иҷро гардидааст, ки 75,1 фоизи нақшаро дар бар мегирад.
Иттилоъ дода шуд, ки навсозии нуқтаҳои партовпартоӣ тибқи нақшаи панҷсола 145 адад буда, то имрӯз 111 адад ё 76,5 фоизи он иҷро шудааст.
«Бахшида ба ҷашни 35 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳия берун аз нақша низ аз ҷониби соҳибкорону шахсони саховатпеша корҳои созандагию бунёдкорӣ анҷом дода мешаванд», — афзуд раиси ноҳияи Сино Умед Гуреззода.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд






