НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар телевизионҳои Чин 6 филми мустанади Тоҷикистон намоиш дода мешавад
ДУШАНБЕ, 21.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи «Мубодила, намоиши филмҳо ва барномаҳои телевизионӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Шенсии Ҷумҳурии Мардумии Чин» аз ҷониби Тоҷикистон 6 филми мустанад барои намоиш дар телевизионҳои вилояти Шенсӣ бо зернависи чинӣ ва англисӣ ва аз ҷониби Чин 5 филм барои намоиш дар телевизионҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд, ки имрӯзҳо дар телевизионҳои ҳарду ҷониб пахш мешаванд. Чунин посух дод ба суоли хабарнигори АМИТ «Ховар» Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Саидзода 21 июл зимни нишасти матбуотӣ.
«Дар оянда шумораи барномаҳои телевизионӣ ва филмҳое, ки барои мубодила пешниҳод карда мешаванд, боз ҳам афзоиш меёбад. Инчунин дар назар аст, ки филмҳои мустанади муштарак ба навор гирифта шаванд», — иттилоъ дод Носир Саидзода.
Иброз гардид, ки ҳадафи асосии мубодилаи фарҳангӣ ва намоиши филмҳою барномаҳои телевизионӣ дар байни ду давлат аз таҳкими дӯстӣ ва тавсеаи ҳамкории фарҳангии ҷонибҳо иборат мебошад. Ин иқдом барои муаррифӣ намудани фарҳанг, оину суннат ва маконҳои таърихию сайёҳии ду давлат қадами муҳим мебошад.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд






