НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ду бинои таълимӣ ва бинои хобгоҳи донишҷӯёнро ба истифода медиҳад
ДАНҒАРА, 31.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти оморӣ, имсол дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтисосҳои Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро 15 ҳазор довталабон интихоб намуданд. Дар натиҷаи супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ 700 довталаб ба Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дохил шуд. Ин нуктаро зимни нишасти матбуотӣ муовини ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Шодмон Аҳмадиён баён дошт.
Дар панҷ факултети Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон 2596 донишҷӯ таҳсил менамоянд. Аз ин шумора 597 донишҷӯ аз шаҳру ноҳияҳои дурдаст бо хобгоҳи замонавӣ таъмин мебошанд.
Шумораи озмоишгоҳҳои таълимӣ, ташхисӣ ва озмоишӣ аз 9 адад ба 24 адад расонида шуд, ки донишҷӯён дар ин озмоишгоҳҳо дониши тиббияшонро васеъ менамоянд. Моҳи сентябри соли равон баъди ба истифода додани ду бинои баландошёна ва хобгоҳи донишҷӯён 96 синфхона ва 8 озмоишгоҳи наву замонавӣ ба донишҷӯён туҳфа мегардад, то аз он самаранок истифода намоянд. Ҳамчунин дар донишгоҳ 540 номгӯй таҷҳизоти муосири техникӣ бо теъдоди 1571 адад дар раванди таълиму тарбия ва корҳои илмии донишҷӯёну омӯзгорон истифода бурда мешаванд.
Зимни нишасти матбуотӣ таъкид шуд, ки барои ба бозори меҳнат ҷавобгӯ тайёр намудани мутахассисон ва бо мақсади дар сатҳи зарурӣ гузаронидани таҷрибаомӯзии таълимӣ, истеҳсолӣ ва пешаздипломии донишҷӯён Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо Беморхонаи марказии ноҳияи Данғара, Боморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара, Беморхонаи вилоятии бемориҳои сироятӣ, Маркази санитарию эпидемиологии ноҳияи Данғара ва Маркази тиббии бисёрсоҳавии ноҳия шартномаи ҳамкорӣ дорад. Донишҷӯён дар ин муассисаҳо дониши тиббию табобатии муосирро меомӯзанд.
Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд






