НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Кумитаи забон ва истилоҳот зиёда аз 10 ҳазор истилоҳро баррасӣ ва мувофиқа намуд

Июль 28, 2025 11:17

ДУШАНБЕ, 28.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби мутахассисони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шашмоҳаи якуми соли 2025   10 ҳазору 936 истилоҳ баррасӣ ва мувофиқа карда шудааст, ки 6 луғат, 2 дастури таълимӣ-коргузорӣ, 4 асари Пешвои миллат, 4 филмномаи Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», 10 вожаю истилоҳоти тахассусӣ ва ғайра аз ин ҳисоб мебошанд. Ин матлабро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сахидод Раҳматуллозода баён дошт.

«Кумита дар шашмоҳаи якуми соли 2025  42 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро аз нигоҳи экспертизаи забоншиносӣ ва танзиму ҳамгунсозии истилоҳот баррасӣ карда, хулосаҳо додааст. Яъне нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 (теъдоди 64 адад) 22 адад ё 34,3 фоиз камтар лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешниҳод гардидаанд», -иброз дошт раиси кумита.

Иттилоъ дода шуд, ки дар шашмоҳаи якуми соли 2025 кумита ба номгузории 2 муассисаи таълимӣ ва 5 ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд, дар умум ба номгузории 7 муассисаю ташкилот ва ҷамъият аз лиҳози экспертизаи забоншиносӣ ва танзими истилоҳот хулоса пешниҳод намудааст. Яъне нисбат ба ҳамин давраи соли 2024  (11 муассисаю ташкилот ва ҷамъият) аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва шахсони ҳуқуқӣ 4 адад ё 36,6 фоиз камтар муроҷиат ворид гардидааст.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 28, 2025 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид