НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 12 намоишгоҳи байналмилалӣ таъмин намуд
ДУШАНБЕ, 31.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштироки аъзояш ва соҳибкорони ватанӣ дар кори 16 намоишгоҳи дохилӣ ва хориҷӣ ҷиҳати муаррифии молу маҳсулоти истеҳсолкунандагони ватанӣ мусоидат намуд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ иҷрокунандаи вазифаи Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳайдар Раҷабов иттилоъ дод.
Иброз гардид, ки Палатаи савдо ва саноат дар 12 намоишгоҳи байналмилалие, ки дар хориҷи мамлакат баргузор шуданд, молу маҳсулоти истеҳсолкунандагони ватаниро муаррифӣ намуд.
Тавре Ҳайдар Раҷабов баён дошт, дар шашмоҳаи якуми соли равон дар 15 давлати хориҷии дуру наздик намояндагиҳои Палата ба 17 адад расонида шуд. Ин намояндагиҳо ба рушди робитаҳои мутақобили иқтисодӣ ва тиҷоратӣ байни ин давлатҳо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамоянд.
Иттилоъ дода шуд, ки Палатаи марказӣ ва палатаҳои минтақавӣ бо мақсади густариш додани ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва танзими ҳуқуқии ҳамкории байнипалатавӣ дар умум 27 санади ҳамкорӣ бо палатаҳои савдо ва саноати кишварҳои хориҷӣ ва ширкату ташкилоти байналмилалӣ ба имзо расониданд.
Иброз гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ ба узвияти Палата корхонаю ташкилоти нав ҷалб карда шуда, шумораи умумии аъзои Палата ба 1162 нафар расонида шуд. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 зиёд мебошад.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои серталабтарини асри рақамӣ аз лиҳози истеъмоли неруи барқ табдил меёбад
Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид






