НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Вазорати фарҳанг 5 номинатсияи навро барои дохилнамоӣ ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО пешниҳод намудааст

Июль 21, 2025 10:19

ДУШАНБЕ, 21.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 номинатсияи навро барои дохилнамоӣ ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО омода ва пешниҳод намудааст. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири фарҳанги Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Инчунин зимни нишасти матбуотӣ иброз гардид, ки имсол парвандаи номинатсионии «Хуттали кадим» бо фарогирии 11 (ёздаҳ) ёдгории таърихию фарҳангии ҳудуди вилояти Хатлон, аз ҷумла ёдгориҳои Қалъаи Ҳулбук, Шаҳристони Ҳулбук, Шаҳраки Манзаратеппа (аз ноҳияи Восеъ), Қалъаи Золи Зар, Мақбараи Мавлоно Тоҷиддин (аз ноҳияи Данғара), Шаҳристони Золи Зар, Шаҳртеппа, Корвонсаройи Тоҳир (аз ноҳияи Фархор), Дайри Буддоии Хишттеппа (аз ноҳияи Ховалинг), Дайри Буддоии Аҷинатеппа (аз ноҳияи Вахш), шаҳраки Ҳалевард (аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ) ба феҳристи асосии ЮНЕСКО ворид карда шуданд.

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Хадамоти гумруки мамлакат барои пешгирии қочоқи сарватҳои таърихию фарҳангӣ тадбирҳои зарурӣ андешидааст. Вазорат соли 2025 дар натиҷаи гузаронидани экспертизаи таърихию фарҳангӣ барои ба осорхонаҳои ҷумҳурӣ баргардонидани зиёда аз 20 сиккаи таърихӣ мусоидат намуд.

Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳири САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»

Июль 21, 2025 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд