Олимони соҳаи кишоварзии Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамкориро тақвият мебахшанд
ДУШАНБЕ, 08.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҳузур ва бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров Ёддошти тафоҳум байни Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Институти илмию тадқиқотии зироаткории назди Вазорати захираҳои об, кишоварзӣ ва коркарди саноати Ҷумҳурии Қирғизистон ба имзо расид.
Тавре аз Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар доираи ин санади ҳамкорӣ байни олимони соҳаи кишоварзии ду давлат табодули таҷриба доир гардида, ҷиҳати омода намудани мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, тақвияти корҳои илмӣ, парвариш ва ҳамкорӣ дар самти селексия тадбирҳо андешида мешаванд.
Инчунин олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Институти илмию тадқиқотии зироаткории назди Вазорати захираҳои об, кишоварзӣ ва коркарди саноати Ҷумҳурии Қирғизистон дар оянда нақша доранд, ки дар самти тухмипарварӣ ва навъҳои серҳосили зироати ғалладонагӣ ва минтақабоб намудани навъҳои зироати кишоварзӣ ҳамкориро бештар намоянд. Ҳамчунин барои интихоб ва парвариш намудани беҳтарин навъи зироати кишоварзӣ дар якҷогӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гарданд.
Таъкид гардид, ки дар доираи амалишавии Ёддошти тафоҳум байни олимони соҳаи кишоварзӣ семинар, машварҳои илмию амалӣ ва конфронсҳо доир мегардад.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд






