Олимони тоҷик ва хориҷӣ дар пиряхи Ванҷях корҳои таҳқиқотӣ мегузаронанд
ДУШАНБЕ, 16.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 15 июл президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода бо як зумра олимони хориҷӣ, ки бо мақсади гузаронидани корҳои таҳқиқотӣ дар пиряхи Ванҷях ба Тоҷикистон омадаанд, вохӯрӣ намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз академия хабар доданд, дар вохӯрӣ таъкид гардид, ки дар доираи лоиҳаи байналмилалии RECAP корҳои саҳроӣ барои соли 2025 дар назар дошта шуда, соли 2024 дар пиряхи Ванҷях ду истгоҳи автоматии метеорологӣ насб карда шуд. Соли 2025 ба нақша гирифта шудааст, ки насби таҷҳизоти иловагӣ ба анҷом расонида, низоми мукаммали мониторинги параметрҳои метеорологӣ ва глятсиологӣ дар бузургтарин пиряхи Тоҷикистон – Ванҷях ба роҳ монда шавад.
Дар мулоқот ҷонибҳо вақти гузаронидани корҳои илмиро дар шароити мушкили баландкӯҳ, муҳлати баргузории корҳои саҳроӣ, таҷрибаи васеи сафар дар шароити пиряхӣ ва кӯҳӣ, қобилияти интиқоли бори вазнин дар релефи душворгузар ва дигар масъалаҳоро баррасӣ намуданд.
Изҳор гардид, ки ҳоло дар минтақа қисми зиёди таҷҳизоти илмӣ ҷойгир карда шуда, истгоҳҳои автоматии фаъол ва таҷҳизоти захиравӣ дар наздикии кӯли Танимас нигоҳ дошта мешаванд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






