Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад

Июль 7, 2025 16:33

ДУШАНБЕ, 07.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 8 июл ҳаракати ҳама гуна нақлиёти автомобилӣ  аз соати 07:00 то соати 09:00 тавассути кӯчаву хиёбонҳои   Мирзо Мастонгулов, Аҳмад Дониш, Садриддин Айнӣ ва  Рӯдакӣ муваққатан қатъ мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе  хабар доданд.

Инчунин давоми ҳамин рӯз ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз хиёбонҳои Рӯдакӣ, И.Сомонӣ, Ҳ.Шерозӣ, кӯчаҳои С.Носиров, Карамов ва Н.Ганҷавӣ муваққатан маҳдуд карда мешавад.

Масъулини Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз шаҳрвандон ва ронандагони воситаҳои нақлиёт эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки аз роҳҳои кӯчаҳои ҳамшафат истифода намоянд. Ҳамзамон аз таваққуфи бемаврид дар ин кӯчаҳо худдорӣ намоянд.

 АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе

 

Июль 7, 2025 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
‎Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд