Парвозҳои мустақим дар масири Самарқанд — Душанбе — Самарқанд оғоз гардиданд
ДУШАНБЕ, 20.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз парвозҳои мустақим дар масири Самарқанд — Душанбе — Самарқанд оғоз гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Парвозҳоро ширкати ҳавопаймоии «Centrum Air»-и Ҷумҳурии Узбекистон анҷом дода, он ду маротиба дар як ҳафта — рӯзҳои панҷшанбе ва якшанбе — иҷро мегардад.
Ин иқдом дар доираи густариши ҳамкории алоқаи ҳавоӣ байни Тоҷикистону Узбекистон амалӣ шуда, имкониятҳои мусофиронро барои сафар васеъ мегардонад.
Ёдовар мешавем, ки 19 июл ширкати «Centrum Air» ҳамчунин парвозҳои мустақимро дар масири Тошканд — Душанбе — Тошканд ба роҳ монд, ки он низ ду маротиба дар як ҳафта – рӯзҳои чоршанбе ва шанбе анҷом дода мешавад.
Парвозҳо дар ин самт аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва «Uzbekistan Airways» низ амалӣ мегарданд.
Зиёд гардидани шумораи парвозҳо барои густариш додани ҳамкории дуҷониба, рушди сайёҳӣ ва рафту омади бемамонияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон заминаи мусоид фароҳам меорад.
АКС: АМИТ «Ховар»


















Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






