Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Коргоҳи пойафзол ва маводи шустушӯии «Раҳматулло»-ро ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 12.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. 12 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Қалъаи Дӯсти деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич Коргоҳи пойафзол ва маводи шустушӯии Раҳматуллоро ифтитоҳ намуданд.
Иқтидори коргоҳ дар як моҳ истеҳсоли 5 ҳазору 200 пойафзол мебошад ва дар он пойафзоли кӯдакона, занона ва мардона истеҳсол мегардад.
Коргоҳи нави истеҳсолӣ дар доираи иқдомҳои рушди саноат ва ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Раҳматулло Нуруллоев сохта шудааст.
Маҷмӯи дастгоҳҳои пойафзолдӯзии коргоҳ, аз ҷумла дастгоҳҳои дӯзандагӣ, қолабгирӣ, бурандагӣ ва суфтакунӣ аз хориҷи кишвар ворид ва насб гардидааст. Дар бунёди бинои коргоҳ ва муҷаҳҳазгардонии он бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир зиёда аз 3 миллион сомонӣ харҷ гардидааст.
Дар коргоҳ ду хатти истеҳсолӣ фаъол карда шудааст. Дар қисми асосии он истеҳсоли пойафзол сурат мегирад. Қисмати бештари ашёи хоми коргоҳ, аз ҷумла чарм ва ришта маҳсулоти ватанӣ аст.
Корҳои лоиҳакашии Коргоҳи истеҳсоли пойафзол ва маводи шустушӯӣ аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии Лоиҳакаш дар ноҳияи Деваштич аз моҳи марти соли 2025 оғоз гардида, дар муддати кӯтоҳ ба анҷом расонида шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо имкониятҳои иқтидори нави саноатӣ, масъулонро вазифадор намуданд, ки коркарди ҳарчи бештари ашёи хоми ватаниро ба роҳ монда, ба ин васила дар таъмини некӯаҳволии мардум саҳмгузор бошанд.
Тибқи маълумот, дар коргоҳ пурра сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб шудаанд. Роҳбарият барои омӯзиши кормандон мутахассисонро аз маркази вилоят — шаҳри Хуҷанд даъват намуда, курси кӯтоҳмуддати омӯзишӣ ба роҳ монданд.
Коргоҳи пойафзолдӯзӣ дар ноҳияи Деваштич метавонад дар таъмини талаботи аҳолӣ бо маҳсулоти худӣ ва ҳамзамон дар самти рушди соҳаи саноат дар деҳот саҳмгузорӣ намояд.
Хатти дигари истеҳсолии коргоҳи навбунёд маводи шӯстушӯӣ мебарорад.
Коргоҳ имкон дорад, ки дар як сол то 500 ҳазор дона собун истеҳсол намояд.
Раванди истеҳсолотро масъулин аз мутахассисони давлатҳои хориҷӣ омӯхта, ашёи хомро низ дар ҳамин ҷо омода мекунанд.
Истеҳсоли маводи шӯстушӯӣ бо истифода аз дастгоҳҳои замонавӣ сурат мегирад.
Дар қисми дигари ҳамин бино нонвой бунёд гардида, чанд тан занони маҳаллӣ, ки ҳунари хуби нонпазӣ доранд, соҳиби ҷойи кор шудаанд.
Дар маҷмуъ дар Коргоҳи пойафзол ва маводи шустушӯии Раҳматулло дар ноҳияи Деваштич наздики 40 кас соҳиби кори доимӣ ва маоши хуб гардидаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси сокинони ватандӯст ва ҳимматбаланди ноҳияи Деваштичро шоистаи таҳсин хонда, бунёди ин иншооти соҳаи саноатро омили рушди ноҳия ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум арзёбӣ намуданд.









Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






