Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли газаблоки “Хишти муосири аълосифат”-ро ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 13.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. 13 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли газаблоки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хишти муосири аълосифат”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корхона ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва бо мақсади саҳмгузорӣ дар раванди татбиқи ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ Ҷамшед Дадоматов ва Сайидаҳмад Сайидкамолов бунёд шуда, аз лиҳози иқтидор калонтарин иншооти истеҳсоли хишти сабук дар вилояти Суғд ба шумор меравад.
Барои бунёду ба кор даровардани корхона 25 миллион сомонӣ харҷ гардида, бо истифода аз дастгоҳу таҷҳиҳзоти муосир, ки асосан аз хориҷи кишвар оварда шудааст, дар як шабонарӯз истеҳсоли 250-300 метри мукааб газаблок имкон дорад.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани корхонаи “Хишти мусоири аълосифат” дар шаҳри Бӯстон 60 нафар сокини маҳаллӣ бо кор таъмин гардидааст.
Барои истеҳсоли хишти сабук реги квартсӣ, семент, гач аз дохил ва дигар намуди ашёи хом аз хориҷи кишвар ба корхона дастрас мегардад.
Раванди истеҳсолот 5 марҳиларо дар бар мегирад. Аз ҷумла, омода кардани гил, қолаббандӣ, буғмонӣ дар ҳарорати 200 дараҷа ва бастубанди маҳсулоти тайёр тариқи дастгоҳу таҷҳизоти муосир ба таври автоматӣ амалӣ шуда, кори дастӣ кам ба назар мерасад.
Ҳоло дар асоси талабот хишти сабук бо дарозии 60, паҳноии 20 ва баландии 30 сантиметр истеҳсол карда мешавад ва бо дархосту фармоиши харидорон омода кардани ин намуди масолеҳи сохтмонӣ бо шаклу андозаҳои дигар низ имкон дорад.
Бино ба арзёбии мутахассисони соҳаи сохтмон, хиште, ки дар ин корхона истеҳсол мешавад, ба гармию сардӣ тобовар буда, масолеҳи ивазкунандаи воридот ба ҳисоб меравад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорони ватаниро барои бунёди чунин иншооти муҳташами саноатӣ муҳим арзёбӣ карда, ба масъулон супориш доданд, ки бештар ба сифати маҳсулот таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.
Дар марҳилаи дуюм муассисон барои насби хишти сабук бунёду ба кор даровардани коргоҳи истеҳсоли ширешро ба нақша гирифтаанд. Дар назар аст, ки коргоҳи мазкур то моҳи сентябри соли 2026 ба истифода дода шавад.
Ҳоло дар ҷумҳурӣ 21 корхонаи истеҳсоли газаблок фаъолият дорад. Дар шаш моҳи соли равон дар ин корхонаҳо ҳаҷми истеҳсоли газаблок ба 31,2 ҳазор метри мукааб баробар гардидааст.
Дар саҳни ҳавлии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хишти муосири аълосифат” ҳамчунин маҳсулоти коргоҳу корхонаҳои саноатии шаҳри Бӯстон ба намоиш гузошта шуд.
Ҳоло дар шаҳр 60 коргоҳу корхонаи саноатӣ ба истеҳсоли орд, равғани растанӣ, консерваи меваю сабзавот, рехтаи пӯлодӣ, шифер, қубурҳои металӣ, асбестию пластикӣ, профилҳои гуногун, арматура, халтаҳои полипропиленӣ, полиэтиленӣ, коғазӣ, мех, сангҳои ороишӣ, рангҳои сохтмонӣ, пойафзол, маснуоти заргарӣ ва дигар намуди молу маҳсулот машғул мебошанд.
Бино ба маълумоти масъулон, дар давоми шаш моҳи соли равон дар шаҳри Бӯстон бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ 4 корхонаи нави саноатӣ ба кор дароварда шуда, дар ин давра ҳаҷми истеҳсолот ба 427 миллион сомонӣ баробар гардидааст.









Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Рашт, Балҷувон ва Дарвоз баргузор мегарданд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ховалинг бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор шуд
Дар пойтахти мамлакат Рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Лахшу Сангвор баргузор гардид
Дар пойтахти Тоҷикистон Рӯзи фарҳанги шаҳри Бохтар доир шуд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон ба анҷом расид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Конибодом иншооти соҳаи маорифу корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд карда мешавад
Дар ноҳияи Фирдавсӣ таҳти унвони «Шукуҳи Истиқлол» иқдоми таблиғотӣ идома дорад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар даври ниҳоии Чемпионати ҷаҳон оид ба формулаи 1 дар рӯи об (F1H2O) иштирок намуданд
Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги шаҳри Бохтар, ноҳияҳои Ховалинг, Лахш ва Сангвор баргузор мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бохтар беш аз 260 иншооти ҷашнӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Спитамен зиёда 10 километр роҳҳои дохили маҳаллаҳо мумфарш гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Вохӯрии ғайрирасмии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон иштирок намуданд






