Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таърихи миллати тоҷик шинос шуд
ДУШАНБЕ, 24.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд. Дар ин хусус хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.
Зимни тамошои осорхона Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсухро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.
Шахсони масъули Осорхонаи миллии Тоҷикистон меҳмононро истиқбол гирифта, аз ҷониби роҳбаладон бо онҳо дар сатҳи баланди касбӣ сайри осорхонавӣ гузаронида шуд.
Шуъбаҳои экспозитсионии Осорхонаи миллии Тоҷикистон, аз қабили таърихи бостон ва асрҳои миёна, таърихи нав ва навтарин, ки ҳунармандӣ, либоспӯшӣ, тарзи зисти одамон, заргарӣ, кулолгарӣ, кандакорӣ дар рӯи чӯб, хушнависӣ, мисгарӣ, дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат, хосса тарзи зисту зиндагонии тоҷиконро дар давраҳои гуногуни таърих таҷассум менамоянд, ба меҳмонон муаррифӣ гардиданд.
Инчунин ба воситаи сайри осорхонавӣ меҳмонони сатҳи баланд бозёфтҳои давраҳои гуногуни таърихиро дар ошёнаи якуми Осорхонаи миллии Тоҷикистон- шуруъ аз асри санг то асри VIII ва дар ошёнаи дуюм- аз даврони «Сомониён» то асри XX тамошо намуданд.
Инчунин дар толорҳои шуъбаи таърихи нав ва навтарин бо дастовардҳои замони истиқлолияти мамлакат ва толори «Туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» шинос шуданд.
Баъд аз тамошои толорҳои намоишии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух бо изҳори хушҳолӣ дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон таассуроти хешро дарҷ намуд.
АКС: АМИТ «Ховар»


















ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд






