Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ ба таври фосилавӣ 4 корхонаи саноатӣ, 2 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 6 кӯдакистонро мавриди истифода қарор доданд

Июль 11, 2025 07:15

ДУШАНБЕ, 11.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 11 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Айнӣ ба таври фосилавӣ барои сохтмони як қатор иншооти таъйиноташон гуногун, ки дар доираи истиқбол аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ рӯи даст гирифта шудааст, оғоз бахшида, 3 корхонаи саноатиро мавриди истифода қарор доданд.

Ҳамчунин, дар ин маросим Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти 2 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 6 кӯдакистон, ки дар деҳаҳои Зосун, Хайробод, Ваҳдатобод, Каздон, Анзоб ва Фондарё ҷойгиранд, оғозӣ расмӣ бахшиданд.

Корхонаи муштараки маъдани Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “АРБ Минералс ГРУПП”, аз ҷумлаи онҳо буда, самти фаъолияташ ба коркади пурраи сурма бо истифодаи технологияи сабз ва масрафи ками неруи барқ равона шудааст.

Зимни муаррифӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки корхона бо сармоягузории муштараки ватанию хориҷӣ бо назардошти ҳадафҳои Ҳукумати кишвар дар самти саноатикунонии босуръати кишвар рӯи даст гирифта шуда, дар марҳилаи аввал 35 нафар бо кор ва маоши баланд таъмин мегарданд.

Иқтидори коркарди сурма дар як шабонарӯз дар марҳилаи аввал истеҳсоли 10 тонна маҳсулоти ниҳоии сурмаро ташкил дода, дар марҳилаи дуюм истеҳсоли 100 тонна дар як рӯз маҳсулоти ниҳоии сурма пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин дар оянда маъданҳои қимматбаҳо ба мисоли тилло, симоб ва амсоли ин коркард хоҳад шуд.

Тамоми техникаю технологияҳои насбшуда, истеҳсоли насли нав буда, аз лиҳози сарфаи неруи барқ каммасраф мебошанд ва иқтидори истеҳсолии зиёд доранд. Маҳсулот триоксиди 63 % ва сурмаи металлии 99,65 % стандарти байналмилалӣ бо иловаи барқароркунии металҳои ҳамроҳ аз қабили тилло ва симоб ба роҳ монда шудааст.

Илова бар ин, Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “АРБ Минералс ГРУПП”, ба коркарди маъдан дар 3 зина, яъне ғанисозии ибтидоӣ, табдил ба триоксиди сурма, гудозиш ва истеҳсоли сурмаи соф фаъолияти худро ба роҳ мондааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо ҷараёни фаъолияти корхона ба ҳиммати ҷавонмардонаи ташаббускорон баҳои баланд дода, ифтитоҳи иншооти саноатиро дастоварди навбатӣ дар ин самт арзёбӣ намуданд.

Ташаббускорон дар навбатӣ худ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии соҳибкорон изҳори миннатдорӣ намуда, дар оянда барои саҳмгузорӣ дар гулгулшукуфоии Ватан изҳорӣ омодагӣ намуданд.

Дар ҳамин ҷо ҳамчунин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ ба фаъолияти ду корхонаи дигари саноатӣ — ҶСК Ангишти Тахт ва марҳилаи дуюми корхонаи ҶДММ “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ” оғоз бахшиданд.

Корхонаи ҶСП Ангишти Тахт, ки дар деҳоти Фондарё мавҷуд аст, бо назардошти талаботи муосир бунёд гардида, самти фаъолияти он коркарди ангишт ба шумор меравад.

Ташкили корхонаи мазкур бо мақсади истифодаи захираҳои бойи табиии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, иқтидори истихроҷи ангишт 90 ҳазор тонна дар як сол пешбинӣ гардидааст ва корҳои омӯзишию геологӣ аз ҷониби мутахассисони маҳаллӣ сомон дода мешавад.

Дар корхонаи мазкур озмоишгоҳи замонавӣ бо насби таҷҳизоти насли нав мавҷуд буда, баҳри муайян намудани сифати ангишт, намнокӣ, гармидиҳӣ, хокистарнокӣ ва сулфури ангишт пешбинӣ гардидааст, ки аз бартариятҳои кони ангиши ҶСК Ангишти Тахт дониста мешавад.

Ҳамчунин, дар озмоишгоҳи корхона ҳар як маҳсулоти ба фуруш гузошташуда, аз ташхис гузаронида мешавад. Бояд таззакур дод, ки барои истихроҷи ангишт 70 техника ва таҷҳизоти муосири соҳавӣ ҷалб ва дар маҷмуъ 250 нафар дар ин ҷо бо кори доимӣ таъмин шудаанд.

Ифтитоҳи фосилавии 4 корхонаи саноатӣ, 2 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 6 кӯдакистон дар ноҳияи Айнӣ 11.07.2025

Июль 11, 2025 07:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии идона ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни 35–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар варзишгоҳи ноҳияи Рашт
Дар Париж 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил шуд
РАШТ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши сиёсати давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии ин ноҳия
Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар Рашт иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Тоҷикистон 182 деҳаи нав таъсис дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз боғи интенсивии Пайванди Рашт дидан намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи фаръии истеҳсоли шарбати Саноати хӯроквории минтақаи Раштро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 15 иншоотро ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Сангвор, Лахш ва Тоҷикобод ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқатро ба истифода доданд
Дар Осорхонаи мероси Покистон гӯшаи мардумшиносии Тоҷикистон бо ёдгориҳои нави фарҳангӣ ва таърихӣ ғанӣ гардид